Июл 14, 2016 14:56 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани Абу Умар Шешонӣ саркардаи ДИИШ дар Ироқ

Абу Умар Шешонӣ (Умари Чеченӣ) -саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Аш-Шарқоти Мӯсили Ироқ кушта шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Аъмоқ", гурӯҳи террористии ДИИШ кушта шудани Умар Шешонӣ саркардаи ин гурӯҳ дар Ироқро таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, хабаргузории "Аъмоқ" рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз як мақоми низомии гурӯҳи террористии ДИИШ, гуфт, Шешонӣ кушта шуд. Шешонӣ яке аз саркардагони ДИИШ буд, ки Вашингтон барои сараш панҷ миллион доллар ҷоиза гузошта буд. Шешонӣ дар Гурҷистон ба дунё омадааст. Вай дар авоили соли 2013, ки гурӯҳи ДИИШ дар Сурия фаъол шуд ба фармондеҳии артиши ин гурӯҳ дар шимоли ин кишвар интихоб шуд.

Токунун хабарҳои зиёде аз кушта шудани Шешонӣ мухобира шуда буд.