Байден дар сафар ба Арабистон бо Бин Салмон нишасти дуҷониба хоҳад дошт
(last modified 2022-07-08T16:20:39+00:00 )
Июл 08, 2022 21:20 Asia/Dushanbe
  • Байден дар сафар ба Арабистон бо Бин Салмон нишасти дуҷониба хоҳад дошт

Ҳамоҳангкунандаи тамосҳои стратегӣ дар Шурои амнияти миллии Амрико эълом кард, ки Ҷо Байден дар сафари моҳи ҷорӣ ба Арабистони Саудӣ, бо подшоҳу валиаҳди ин кишвар дидор хоҳад кард.

Ҷон Карби, ҳамоҳангкунандаи тамосҳои стратегӣ дар Шурои амнияти миллии Амрико гуфт, Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии кишвараш тайи моҳи ҷории мелодӣ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад.

Ҷон Карбӣ дар ин бора гуфт: Байден дар як дидори дуҷониба бо малик Салмон ва тими раҳбарии ӯ гуфтугӯ мекунад ва ҳамон тавр, ки медонед, валиаҳди Саудӣ низ ҷузъе аз ин тими раҳбарӣ аст. Бинобарин ӯ бахше аз он нишаст хоҳад буд ва раиси ҷумҳур бо валиаҳд дар чорчӯби ҳамин нишаст гуфтугӯи зиёдеро анҷом хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки Ҷо Байден ахиран дар суханоне гуфта буд, ки дар сафараш ба Арабистон қарор нест бо валиаҳди ин кишвар дидор кунад.

Дар замони ахбори сафари Байден ба Ховари Миёна, шаҳрдории Вашингтон номи хиёбони рӯ ба рӯйи сафорати Арабистон дар пойтахти Амрикоро ба номи Ҷамоли Хошуқҷи, рӯзноманигори саудии ба қатлрасида ба дасти маъмурони ҳукумати Риёз тағйир дод.