Овора шудани ниммиллион афғонӣ дар соли 2016
Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, дар соли 2016 беш аз ниммиллион афғонӣ дар натиҷаи нооромиҳои дохилии Афғонистон овора шудаанд.
Ба гузориши Пресс тв, Марк Бодин, ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ бо ишора ба афзоиши шумори оворагони афғонӣ, иқдоми ҷамъӣ барои таъмини кӯмакҳои башардӯстонаи баландмуддатро барои оворагони афғонӣ хостор шуд.
Бино бар эъломи Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ, беш аз 600 ҳазор овораи афғон дар соли 2016 аз Покистон ихроҷ ва маҷбӯр ба бозгашт ба Афғонистон шуданд.
Созмони Милали Муттаҳид ҳам эълом кард, беш аз 150 миллион доллар барои таъмини ҳазинаи кӯмакҳои изтирории оворагони афғонӣ мавриди нёз аст, ки ҳудуди ниме аз он таъмин шудааст.
Бино бар оморҳои СММ, ки дар июли гузашта мунташир шуд, дар нимаи аввали соли 2016, як ҳазору 601 нафар дар нооромиҳои Афғонистон кушта ва се ҳазору 565 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Толибон дар таҳоҷуми низомии таҳти амри Амрико дар соли 2001 ба Афғонистон сарнагун шуд ва аз он пас бо ақибнишинӣ ба манотиқи рустоӣ ва шаҳрӣ, ба ҳамалоти пиҳонӣ ба шаҳрҳо мутавассил шудааст.