Раиси ҷумҳури Украина як мақоми баландпояи дигарро барканор кард
Раиси ҷумҳури Украина муовини раиси Хадамоти амнияти дохилии ин кишварро барканор ва чандин раиси ҷадиди минтақаиро барои ин созмон мансуб кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Владимир Зеленский эълом кард : " Ман раисони наве барои намояндагиҳои минтақаии Хадамоти амнияти Украина дар Закарапатия,Полтава, Сум, Днепропетровск ва Харков таъйин кардам. "
Зеленский ҳамчунин бо ишора ба барканории яке аз муовинони Хадамоти амниятии Украина аз интисоби Оксана Жолнович ба унвони вазири ҷадиди сиёсати иҷтимоии Украина хабар дод .
Раиси ҷумҳури Украина авохири рӯзи якшанбе низ дар ду фармони иҷроӣ, раиси Созмони амният ва додситони кулли ин кишварро барканор кард .
Дастури барканории Иван Баканов-раиси Созмони амнияти Украина ва Ирина Вендиктова-додситони кулли ин кишвар дар торнамои расмии раёсати ҷумҳурии Украина мунташир шуд .
Зеленский бомдоди душанбе дар тавзеҳи дастури худ барои барканории раиси Созмони амният ва додситони кулли ин кишвар гуфт, ки беш аз 60 додситону корманди Созмони амният алайҳи Украина фаъолият мекунанд.