Таъкиди Лавров бар коҳиши саҳми доллар дар мубодилоти арзӣ бо Африқо
Вазири умури хориҷаи Русия бар коҳиши саҳми доллар дар мубодилоти арзӣ бо Африқо таъкид кард.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, Русия ва шуракои африқоии он дар ҳоли кор рӯйи тарҳе барои коҳиши саҳми доллари Амрико ва евро дар мубодилотт тиҷорӣ ҳастанд.
Лавров афзуд, низомҳои молии ҷаҳонӣ бояд аз дахолати хориҷӣ дар амон бошанду Русия дар ҳамкорӣ бо шуракои худ дар ҳоли бардоштани гомҳое барои афзоиши истифода аз арзҳои миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ аст.
Вай гуфт: Русия аз эҷоди як низоми молии муассиру мустақил, ки таҳти таъсири сиёсатҳои кишварҳои ғайридӯст қарор нагирад, ҳимоят мекунад.
Вазири умури хориҷаи Русия афзуд, дастгоҳҳои таблиғотии Ғарбу Украина талош мекунанд Русияро «содиркунандаи гуруснагӣ» муаррифӣ ва худро озод кунанд.
Лавров гуфт, баъд аз шуруи буҳрони ношӣ аз густариши корона дар ҷаҳон, Ғарб бо механизми интишори арз ҷараёни содироти маводи ғизоӣ ва колоро ба нафъи худ тағйир доду муҷиби бадтар шудани шароит дар кишварҳои вобаста ба воридоти маводи ғизоӣ шуд.
Лавров таҳримҳои зиддирусии Ғарб дар моҳҳои ахирро омили дигари бадтар шудани вазъияти бозори маводи ғизоӣ дар ҷаҳон эълом кард.