Декабр 02, 2016 19:54 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи олии Нигерия: Шайх Закзоки озод шавад

Додгоҳи олии федералии Нигерия ҳукми озодии фаврии раҳбари Ҷумбиши исломии ин кишварро содир кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, яке аз шӯъбаҳои Додгоҳи олии федералии Нигерия дар Абуҷа рӯзи ҷумъа ҳукми озодии фаврии шайх Иброҳим Закзоки, раҳбари Ҷумбиши исломии ин кишварро содир кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, давлати Нигерия 45 рӯз вақт дорад то шайх Закзоки ва ҳамсарашро ба полис таҳвил диҳад ва полис ҳам бояд дар муддати 24 соат онҳоро то маҳалле амн ҳамроҳӣ кунад.

Додгоҳ ҳамчунин Хадамоти амниятии Нигерияро ба пардохти 50 миллион нойро (ҳудуди 160 ҳазор доллар) ба хонаводаи Закзоки маҳкум кардааст.

Шайх Закзоки чанд моҳ пас аз он ки бидуни тафҳими иттиҳом ва дар ҳамлаи артиш ба маркази исломии Нигерия боздошт шуд, ба додгоҳ шикоят кард ва аз додгоҳ хост, дар мавриди нақзи ҳуқуқи шаҳрвандиаш аз тариқи боздошт бидуни тафҳими иттиҳому идомаи он тасмимгирӣ кунад.

Габриел Кулоул, қозии додгоҳ истидлолҳои дастгоҳи амниятии Нигерияро рад кардаву гуфтааст, ки идомаи боздошти шайх Закзоки хилофи қонун аст.

Ин қозии нигерияӣ бо ишора ба вазъи саломати шайх Закзоки гуфтаат, дар сурати даргузашти вай, мумкин аст дар кишвар нооромӣ буруз кунад ва теъдоди зиёде бегуноҳ кушта шаванд.

Шайх Закзоки рӯзи 14-уми декабри соли 2015, пас аз ҳамлаи нерӯҳои артиш ба хонааш боздошт шуд. Дар он ҳодиса дастикам 347 мусулмони нигерияӣ ба шаҳодат расиданд.

Шайх Закзоки дар он ҳодиса ба шиддат маҷрӯҳ шуд ва гуфта мешавад, ки биноии яке аз чашмонашро аз даст додааст.

 

Барчасп