Август 06, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • Дик Чейни, Трампро бузургтарин таҳдид зидди Амрико хонд
    Дик Чейни, Трампро бузургтарин таҳдид зидди Амрико хонд

Дик Чейни, муъовини Ҷорҷ Буш, раиси ҷумуҳурии пешини Амрико Доналд Трамро бузургтарин таҳдид зидди ин кишвар донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дик Чейни дар таблиғоти интихоби барои духтараш Лиз Чейни узви ҷумҳурихоҳи кангреси Амрико, ки дар интихоботи даври ҳизби муқобили Ҳерит Ҳигман кандидои мавриди ҳимояти Доналд Трамп дар иёлати Вайоминг рақобат мекунад Трампро бузургтарин таҳдид зидди мардуми ин кишвар лақаб дод.

Дик Чейни, ки ду давра ба унвони муъовини Ҷорҷ Буш дар давраи раёсати ҷумҳурии вай фаъолият мекард ва нақши муҳим дар ҳамлаи Амрико ба Ироқ баъд аз ҳодисаи 11 сентябр дошт, гуфт: Дар таърихи 236 солаи иёлати муттаҳида то кунун ҳеҷ хатаре бузургтар аз Доналд Трам барои мардуми ин кишвар вуҷуд надорад.

Чейни бо ишора ба ҳамала ба бинои кангрерси Амрико дар 6 январи соли 2021 пас аз эъломи шикасти Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ афзуд: Дар интихоботи 2020 амрикоиҳо Трампро рад карданд аммо у талош дошт интихоботро ба хушунат ва дуруғ зери савол бибарад.

Дик Чейни, ки худ аз ҳомиёни Трамп дар интихоботи соли 2020 буд идома дод: Трамп як тарсу ва дуруғгу аст у ва бисёри аз ҷумҳурихоҳон медонанд, ки у дар интихобот шикасти бузург хурда аст.

 

Барчасп