Коҳиши нархи гандум ва ғаллот дар бозори ҷаҳонӣ
(last modified Tue, 09 Aug 2022 12:42:12 GMT )
Август 09, 2022 17:42 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши нархи гандум ва ғаллот дар бозори ҷаҳонӣ
    Коҳиши нархи гандум ва ғаллот дар бозори ҷаҳонӣ

Нархи гандум ва ҷувори бо расидани нахустин маҳмулаи ғаллоти Украина ба бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз Росия Сегодня, интишори ахбори марбут ба расидани аввалин маҳмулаи ғалоти Украина ба бозори ҷаҳонӣ ва интизори коҳиш ва маҳдудиятҳои мавҷуд бар содироти маҳсулоти кишоварзии Русия боис шуд то нархи маҳсулоти кишоварзӣ ба хусус ганд ва ҷувори коҳиш ёбад.

Бар ҳамин асос нархи гандум 1.4 дарсад коҳиш ёфт ва ба 7.64 доллар 25.4 килограм расид. Нархи ҷувори ҳам 1.1 дарсад поён омад ва 6.03 доллар дар ҳар 25.4 килограм даст ба даст мешавад, нархи соя ҳам 0.09 дарсад коҳиш ёфт ва ҳамакнун 14.07 доллар ҳар 25.4 килограм хариду фуруш мешавад.

Аз замоне, ки гандум дар моҳи март ва ба далели даргирии низомии Русия  бо Украина нархи 14.25 доллар ба ҳар 25.4 килограмро дид ҳоло нархи ин маҳсулоти кишоварзи нисф шуда аст.

Аз замони имзои тавофуқ байни Маскав ва Киев бо миёнҷигарии Туркия ва Созмони Милллал барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ шоҳиди коҳиши нархи гандум ва ғаллот дар бозор ҳастем. Русия ва Украина бузургтарин таъминкунандаи ғаллот дар ҷаҳон ҳастанд ва ҳудуди яксевуми ниёзи ҷаҳонро таъмин мекунанд.

То кунун 10 маҳмулаи ғаллот бандарҳои Украинаро ба мақсади бозорҳои ҷаҳонӣ тарк карданд, аввалин маҳмулаи ғаллоти Украина ҳам дар рӯзи 5 август ва бо 26 ҳазор тонна ҷувори соҳили Одессаро ба мақсади Лубнон тарк карда буд.