Август 13, 2022 21:05 Asia/Dushanbe
  • Сенатори амрикоӣ: Вашенгтон дигар мутаҳиди қобили эътимод нест
    Сенатори амрикоӣ: Вашенгтон дигар мутаҳиди қобили эътимод нест

Сенатори амрикоӣ дар остонаи солгарди суқути Кобул ва хуруҷи ошуфтаи давлати Ҷо Байден аз Афғонистон таъкид кард: Амрико дигар ба унвони як мутаҳиди қобили эътимод дар ҷаҳон дида намешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҷеймс Риш, сенатори Амрико ва аз аъзои кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси сенои Амрико дар баёнияе дар остонаи солгарди суқути Кобул ва давлати собиқи Афғонистон  дар 15 август эълом кард: Давлати Ҷо Байден ҳеҷ иқдоми барои ҷалби муҷадади эътимоди муттаҳидон ва шарикони ҷаҳонияш анҷом надода аст.

Риш ҳамчунин афзуд: Толибон намехоҳад ва наметавонад ба таъаҳудоти зидди террористии худ амал кунад ва ҳамчунон паноҳгоҳи барои раҳбарони Алқоида ва дигар гуруҳҳои шибҳинизомӣ фароҳам мекунад.

Ин сенатори амрикоӣ муътақид аст стратегияи мубориза бо терроризми Амрико ба далели камбуди манобеъ ва фосилаҳои зиёд бо мушкилот муваҷаҳ шуд ва Афғонистон бори дигар ба як нуқтаи кур хатарнок табдил шуда аст.

Ҷеймс Риш дар идомаи баёния афзуд Алқоида ба равшани ба Афғонистон бозгаштааст, нигарониҳо дар бораи фаъолиятҳои террористӣ дар ҳоли афзоиш аст ва мо тадбирҳои кофӣ барои этминон аз кумакҳои Амрико ҳастем, ки дар ниҳоят ба дасти Толибон мерасад.

Ин сенатори амрикоӣ тавсия кард: Мо бояд тавозуни муносиби байни кумак ба мардуми оди ва пешгири аз манфиъат барои Толибон эҷод кунем.

 

Барчасп