Таъки Маскав бар посухи созандаи Теҳрон ба Бруксел дар музокироти рафъи таҳримҳо
(last modified 2022-08-16T12:09:39+00:00 )
Август 16, 2022 17:09 Asia/Dushanbe
  • Таъки Маскав бар посухи созандаи Теҳрон ба Бруксел дар музокироти рафъи таҳримҳо
    Таъки Маскав бар посухи созандаи Теҳрон ба Бруксел дар музокироти рафъи таҳримҳо

Намояндаи Русия дар музокироти рафъи таҳримҳо дар Вена посухи Эрон ба пешниҳоди Иттиҳодияи Аврупоро созанда донист ва гуфт, ки туп акнун дар замини Амрико аст.

Дар музокироти ахир дар Вена чанд пешниҳод аз сӯи Энрике Мора ҳамоҳангкунандаи Иттиҳодияи Аврупо дар музокироти Вена матраҳ шуд, ки аз сӯи расонаҳои ғарби ба унвони матни ниҳоӣ аз он ёд шуда аст.

Ба гузориши сомонаи Спутник Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена ва музокироти рафъи таҳримҳо таъкид кард, туп акнун дар замини давлати Амрико аст ва Эрон пешниҳод карда аст, ки дар ҷараёни ислоҳи пешнависи эҳёи тавофуқи ҳастаӣ тазминҳои марбут ба ҳифзи тавофуқ дар оянда тақвият шавад.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон бо баёни ин ки то соати 12 имшаб охирин ҷамъбандии худро ба сурати мактуби ба ҳамоҳангкунандаи Иттиҳодияи Аврупо ироа медиҳем гуфта буд агар Амрико инъитоф нишон диҳад дар рӯзҳои оянда ба нуқтаи тавофуқ мерасем онҳо аз плани В тарҳи ҷойгузин суҳбат мекунанд мо ҳам плани В худамонро дорем.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ду мақулаи ростиозмоӣ рафъи таҳримҳо ва ахзи тазмин дар хусуси мондгории БарҶомро аслитарин мутолебаи худ дар музокироти рафъи таҳримҳо қарор дод ва таъкид кард, ки танҳо бозгашт ба қарордоди дуҷонибае, ки дар бархе маҳдудиятҳо нафъи малмуси иқтисод барои миллати Эрон ба ҳамроҳ дошта бошадро мантиқи медонад ва онро мепазирад.