Дипломати рус: Дастёбӣ ба тавофуқ дар музокироти Вена эҳтимол дорад
Намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена гуфт, эҳтимоли ҳусули тавофуқ дар музокироти Вена барои лағви таҳримҳо вуҷуд дорад.
Даври ҷадиди музокирот бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимонаву ғайриқонунии зидди Эрон, ки аз рӯзи панҷшанбеи 4 август дар шаҳри Вена оғоз шуда буд, рӯзи душанбеи 8 август поён ёфт.
Дар ин давр аз музокирот чанд пешниҳод аз сӯи Энрике Мора, ҳамоҳангкунандаи Иттиҳоди Аврупо дар музокироти Вена матраҳ шуд.
Ба гузориши “РИА Новости”, Михаил Улянов, намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена имрӯз, ҷумъа тайи суханронӣ дар ҳамоиши гуруҳи расонаии “Россия сегодня” эълом кард, ки тавофуқ дар музокироти Вена барои лағви таҳримҳо мумкин аст дар чанд рӯзи оянда ҳосил шавад.
Улянов ҳамчунин посухи Эрон ба матни пешниҳодии аврупоиҳоро созанда тавсиф кард.