Декабр 04, 2016 13:06 Asia/Dushanbe
  • Давлати Афғонистон феҳристи зиндонёни Ҳизби исломии Ҳикматёрро баррасӣ мекунад

Раиси Кумитаи муштараки иҷрои тавофуқномиа сулҳи Ҳизби исломӣ ва давлати Афғонистон аз ирсоли феҳристи 400 зиндонии ин ҳизб ба органҳои қазоӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Акрам Хпалшак гуфт, қарор аст, феҳристи 400 зиндонии Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр ба Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон  ирҷоъ дода шавад.

Вай афзуд, танҳо зиндонёни сиёсии ин ҳизб аз зиндон озод хоҳанд шуд.

Пеш аз ин низ Амин Карим, узви ҳайати музокиракунандаи Ҳизби исломӣ гуфта буд, ҳудуди 2600 зиндонии ин ҳизб дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд.

Тавофуқномаи сулҳи давлати Афғонистон ва Ҳизби исломии Ҳикматёр, 29-уми сентябри соли 2016 миёни Ашраф Ғанӣ ва Ҳикматёр имзо шуд.

Рафъи таҳримҳои Амрико ва Созмони Милал, таъйини замони мушаххас барои хурӯҷи низомёни хориҷӣ аз Афғонистон, озодии зиндонёни ин ҳизб, интиқоли ҳомиёни Ҳизби исломӣ аз Покистон ба Афғонистон ва баргузории интихоботи шаффоф аз мавориди муҳимми тавофуқномаи Кобул ва Ҳизби исломии Ҳикматёр аст.

Ҳизби исломӣ аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Афғонистон маҳсуб мешуд, ки аъзои он дар понздаҳ соли гузашта бо нерӯҳои афғон ва хориҷӣ меҷангиданд.

 

Барчасп