Август 28, 2022 20:17 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Таъйини сафири Амрико барои Қутби Шимол ; намоди тақобули физояндаи Русияву Амрико

Амрико эълом кард, ки барои аввалин бор сафири « вижа ва сайёр » барои Қутби Шимол таъйин мекунад .

Тақвияти ҳузури низомии Русия ба ҳамроҳи истиқрори марокизи таҳқиқотии Чин дар ин минтақа иллати ин тасмими Вашингтон дониста шудааст . Қарор аст сафири ҷадид тавассути вазорати хориҷаи Амрикои таъйин ва барои таъйид ба Сенат муаррифӣ шавад .
Лиза Марковскъй-сенатори ҷумҳӯрихоҳи Аляска бо истиқбол аз интисоби сафир барои Қутби Шимол гуфт Иёлоти Муттаҳида танҳо кишвари ҳозир дар ин минтақа бидӯни намояндагии диплумотии ихтисосӣ дар сатҳи сафир аст . Қарор аст сафири ҷадид ҷойгузини ҳамоҳангкунандаи Қутби Шимол шавад, ки дар ҳоли ҳозир Ҷими Ҳорт аст . Вданти Патл-сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико низ эълом кард, ки Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри ин кишвар мехоҳад як масъӯли ҳамоҳангкунанда барои Қутби Шимол мансуб шавад, ки бо кишварҳои ин минтақаи шомили Русия,Канада, Дания, Норвегия,Исландия, Шветсия ва гуруҳҳои  нафъдор дар таъомул бошад . Энтони Блинкен-вазири хориҷаи амрико мегуяд : Сулҳу субот дар Қутби Шимол аҳамияти роҳбурдӣ дорад ва як авлавият барои Вашингтон аст . Ин хабар дар ҳоле аз сӯи Амрико эълом шуда, ки Русия дар ҳоли афзоиши ҳузури худ дар наздикии Қутби Шимол аст . Чин ҳам дар ҳоли сохти истгоҳҳои таҳқиқотӣ дар ин минтақа аст .

Ба назар мерасад тақобули Русияву Амрико, ки акнун дар арсаи ҷанги Украина ва дар соири нуқот монанди Осиёву уқёнуси Ором вуҷуд дорад, акнун ба арсаи ҷуғрофиёии бисёр муҳиму стротежикӣ яъне Қутби Шимол густариш пайдо кардааст . Дар воқеъ аҳамияти рӯзафзӯни Қутби Шимол боиси ташдиди рақобатҳо барои моликияти он шудаву пешбинӣ мешавад дар солҳои оянда муноқиша бар сари манобеи ин минтақа ва истифода аз онҳо ба чолиши бузурге байни Русияву НАТО ба саркардагии Амрико табдил шавад .

 

Барчасп