Горбачёв охирин раҳбари Шӯравӣ даргузашт
Август 31, 2022 07:18 Asia/Dushanbe
Расонаҳои Русия бомдоди чаҳоршанбе аз даргузашти Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ хабар доданд.
Михаил Горбачёв дар синни 91 солагӣ дар бемористони марказии Маскав даргузашт.
Охирин раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ муддатҳо буд, ки аз беморӣ ранҷ мубурд.
Горбачёв 2 марти 1931 таваллуд ва ҳаштумин ва охирин раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ буд ва аз соли 1985 то 1991 , дабири кулли Ҳизби комунисти Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравиро бар ӯҳда дошт.