Октябр 02, 2022 17:59 Asia/Dushanbe
  • Оғози дубораи фурӯши таслеҳот ба Арабистон; мушорикат дар ҷанги Яман

Ҳудӯди як ҳафтаи баъд аз сафари Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ба Арабистони Саудӣ, Берлин бори дигар судӯри таҷҳизоти ҷангӣ ба Арабистонро азсар гирфтааст.

Олмон аз авохири соли 2018 ибтидо дар эътироз ба дахолати Арабистон дар ҷанги Яман ва сипас ба хотири қатли Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори арабистонӣ, эълом карда буд, ки Риёзро таҳрими таслеҳотӣ кардааст. Аммо акнӯн Берлин содироти силоҳ ба Арабистонро расман аз сар гирифтааст дар ҳоле, ки Эътилофи саудӣ аз ин силоҳҳо ва таҷҳизот ҳамчунон дар ҷанги Яман алайҳи мардум бе дифои ин кишвар истифода мекунад.

Дугонагии сиёсатҳо ва амали давлати кунӯнии Олмон дар ин мавзӯ хашм бисёре аз шаҳрвандону мақомоти сиёсиро барангехтааст.

Сойм Дагдален, узви комиссиони сиёсати хориҷии Маҷлиси федерол аз Ҳизби чап дар ин замина мегуяд: Ин муомила воқеияти сиёсати хориҷии давлати эътилофии муддаии риояти арзишҳоро бармало мекунад, ки боиси поксозии чеҳраи Муҳаммад бин Салмон қотили Хошуқчӣ шудааст. Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон ҷанги пурталафот алайҳи ғайринизомиёни Яманро раҳбарӣ ва ҳаргуна мухолифатеро дар дохили Арабистон саркӯб мекунад.

Фурӯши силоҳ, яке аз сиёсатҳои аслии иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои ғарбӣ аст, ки аз тариқи он солона миллиардҳо доллар даромад касб мекунанд. Ин таслеҳот умдатан ба кишварҳое фурӯхта мешавад, ки дар листи ноқизони ҳуқуқи башар қарор доранд ба тавре, ки тайи солҳои ахир ва бо идомаи ҷанги Арабистон алайҳи Яман, Риёз яке аз бузургтарин харидони таслеҳот аз кишварҳои аврупоӣ будааст. Дар воқеъ кишварҳои аврупоӣ ва Амрико агарчӣ дар зоҳири шиорҳои зидди ҷанг сар дода ва аз сулҳ сухан ба миён меоваранд, аммо дар амал бо қарордодҳои калони таслеҳотӣ дар ҷиноёти ҷангии кишварҳое чун Арабистон шарик мешаванд.

 

Барчасп