Вокуниши Боррел ба ихроҷи сафири Иттиҳоди Аврупо аз Никарагуа
(last modified Mon, 03 Oct 2022 10:05:31 GMT )
Октябр 03, 2022 15:05 Asia/Dushanbe
  • Боррел ба Никарагуа аз мунзавӣ шудан ёдоварӣ кард
    Боррел ба Никарагуа аз мунзавӣ шудан ёдоварӣ кард

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо иқдоми давлати Никарагуа барои ихроҷи суфарои Иттиҳоди Аврупо ва Ҳоландро омили инзивои Манагуа тавсиф кард.

Давлати Даниел Ортега, раиси ҷумҳурии Никарагуа аз мухолифони сарсахти сиёсатҳои султаҷӯёнаи Амрико ва Аврупо аст.

Иттиҳоди Аврупо ва Амрико аз чаҳор соли гузашта таҳримҳои зиёдеро алайҳи Никарагуа ва шахсиятҳои он эъмол кардаанд.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, иқдомоти Никарагуа бар равобити ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо таъсир мегузорад.

Фиристодаи Иттиҳоди Аврупо рӯзи шанбе, як рӯз пас аз он ки мақомоти Никарагуа ҳузури вайро ғайримуваҷҷаҳ эълом карданд, ин кишварро тарк кард.

Никарагуа асри рӯзи ҷумъа ҳамчунин равобити худро бо давлати Ҳоланд қатъ кард ва ин кишварро мудохилагаро ва неоистеъморгар тавсиф кард.