Таъкиди Путин бар истифода аз арзҳои миллӣ
(last modified Sat, 08 Oct 2022 08:09:21 GMT )
Октябр 08, 2022 13:09 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар истифода аз арзҳои миллӣ

Раисиҷумҳури Русия, истифода аз арзҳои миллро мӯҷиби тақвияти ваҳдати кишварҳо донист.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо таъкид бар истифода аз арзҳои миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ гуфт, истифода аз арзҳои миллӣ дар равобит байни аъзои кишварҳои ИДМ боиси тақвияти ҳокимияту таъмиқи якпорчагӣ мешавад.

Путин гуфт, дар тамомии шароит метавон аз арзҳои миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ истифода кард.

Раисиҷумҳури Русия афзуд, дар иҷлоси кишварҳои ИДМ дар Қазоқистон, тамаркуз бар пойдории иқтисодҳо аст ва идғоми кишварҳои узв дар сиёсат, иқтисоду соири ҳавзаҳо ва ҳамчунин масоили амниятӣ мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.

Вай ҳамчунин аз пешниҳоди Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон барои эҷоди як созмони байналмилалии кишварҳои  ИДМ барои тарвиҷи забони русӣ ҳимоят кард.

Рӯзи ҷумъа (7 октябр) нишасти ғайри расмии раисони ҷумҳури кишварҳои ИДМ дар шаҳри Санкт Петербурги Русия баргузор шуд.