Июл 28, 2016 10:46 Asia/Dushanbe
  • Мӯздурони Саудӣ дар Яман 50 кушта ва захмӣ доданд

Шиллики мӯшаки балистики "Зилзол 3", ба маҳалли таҷаммуъи муздӯрони Саудӣ дар бахши "9-уми" устони Санъо, наздик ба 50 кушта ва захмӣ барҷо гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз сойти Алмасира, як манбаи низомии Яман рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, воҳиди мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо мӯшаки бумии "Зилзол 3" таҷаммуъи муздӯрони Саудӣ дар минтақи "9-ум"-ро ҳадаф қарор дод, ки дар пайи он наздик ба 50 нафар аз муздӯрон кушта ва захмӣ шуданд.

Артиши Яман ва кумитаҳои мардумии вобаста ба Ансоруллоҳ дар пайи идомаи ҳамалоти ҳавоии Арабистон, манотиқи низомии муздӯрони Саудиро ҳадафи ҳамалоти мушакии худ қарор медиҳанд.

 

Барчасп