Толибон алоқаманди таҳкими равобит бо Амрико
(last modified Thu, 13 Oct 2022 06:55:03 GMT )
Октябр 13, 2022 11:55 Asia/Dushanbe
  • Толибон алоқаманди таҳкими равобит бо Амрико

Ҳукумати Толибон дар вокуниш ба вазъи маҳдудияти виза барои мақомҳои ин ҳукумат аз сӯи Амрико, таъкид кард чунин тасмимоте монеъи таҳкими равобити дуҷониба аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Абдулқаҳҳори Балхӣ-сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон дар вокуниш ба маҳдӯдияти судӯри виза барои масъӯлони ин гуруҳ аз сӯи Амрико гуфт : Ин тасмим монеъи таҳкими муносибот ва мӯҷиби ҳал нашуда боқӣ мондани мушкилоти миллати Афғонистон хоҳад буд .
Ин маҳдӯдиятҳо дар шароите эълом мешавад, ки дар рӯзҳои гузашта музокироти сатҳи болои байни намояндагони Толибону Амрико дар Давҳа анҷом шудааст .
Ин чандумин бор аст, ки Амрико ба дунболи ҳар марҳалаи музокира бо мақомҳои Толибон маҳдудиятҳову таҳримҳои ҷадиде алайҳи ин гуруҳ вазъ мекунад ва бори дигар собит карда, ки ба ҳеҷ сурат қобили эътимод нест.