Коҳиши дубораи маҳбӯбияти Байден дар Амрико
(last modified Sat, 22 Oct 2022 13:44:24 GMT )
Октябр 22, 2022 18:44 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши дубораи маҳбӯбияти Байден дар Амрико

Натоиҷи назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, мизони ҳимоят аз амалкарди Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико дар як моҳи гузашта коҳиши чашмгире доштааст.

Интихоботи миёндавраии Амрико ҳаштуми моҳи ноябри 2022 баргузор мешавад.

Назарсанҷии миллии коллеҷи Эмерсон, ки дар моҳи октябр анҷому рӯзи ҷумъа натоиҷи он мунташир шуд, нишон медиҳад, ки 53 дарсад аз раъйдиҳандагони амрикоӣ амалкарди Байденро қабул надоранд ва мизони маҳбӯбияти шуғлии Байден фақат 39 дарсад аст, ки нисбат ба сентябри гузашта коҳиши 6 дарсадиро нишон медиҳад.

46 дарсад аз раъйдиҳандагони ширкаткунанда дар ин назарсанҷӣ гуфтаанд, қасд доранд дар интихоботи Конгресс аз ҷумҳурихоҳон ҳимоят кунанд ва танҳо 41 дарсад гуфтанд, ки ба номзадҳои демократ раъй медиҳанд.

Спенсер Кимбалл, мудири колеҷи Эмерсон дар ин замина гуфт: Дар байни касоне, ки мегӯянд тақрибан мутмаин ҳастанд, ки дар интихоботи ноябр ширкат мекунанд, ҷумҳурихоҳони Конгресс бо 10 дарсад ихтилофи нақши пештозе доштанд ва 51 дарсади онҳо ба нисбати 41 дарсади демократҳо гуфтанд, ки тақрибан мутмаин ҳастанд, ки дар интихобот ширкат мекунанд.

Ҳудӯди ду сеюм раъйдиҳандагон гуфтанд, Амрико дар масири иштибоҳ ҳаракат мекунанд ва иқтисод масъалаи аслии раъйдиҳандагонро ташкил медод ва 44 дарсад дағдағаи иқтисодиро унвон карданд, аммо 12 дарсад нигарони муваффақияти мавзӯи қонӯни сиқти ҷанин ва 11 дарсад нигарони таҳдидҳо алайҳи демократия дар кишварашон буданд.