Бойден: Шояд фардо бемор шавам ва бимирам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i93094-Бойден_Шояд_фардо_бемор_шавам_ва_бимирам
Раиси Ҷумҳурии Амрико дар посух ба гумоназаниҳо дар бораи саломатии худ ва ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 гуфт мумкин аст фардо бемор шавам ва бимирам.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Октябр 24, 2022 19:53 Asia/Dushanbe
  • Бойден: Шояд фардо бемор шавам ва бимирам
    Бойден: Шояд фардо бемор шавам ва бимирам

Раиси Ҷумҳурии Амрико дар посух ба гумоназаниҳо дар бораи саломатии худ ва ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 гуфт мумкин аст фардо бемор шавам ва бимирам.

Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико, ки моҳи оянда 80 сола мешава аз замони вуруд ба рақобати интихоботии соли 2020 аз суи рақибаш Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико ба адами саломатии физикии ва мубтало ба мушкили ақли мутаҳам шуда аст. ин дар ҳоле аст, ки Лиз Чейни намояндаи ҷумҳурихоҳи Амрико низ ҳушдор дода аст агар Трамп номзади ҷумҳурихоҳо барои интихоботи 2024 бошад мумкин аст ҳизби муҳофизакори ҷадиди ташкил шавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико рузи душанбе дар мусоҳибаи дар посух ба савол дар бораи гумоназаниҳо дар бораи вазъияти саломатии худ ва эҳтимоли ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури 2024 Амрико гуфт: Фикр мекунам нигарони аз саломати дигарон ба ҳақ бошад аз ҷумла дар бораи саломатии ман.

Раиси Ҷумҳурии Амрико афзуд: Беҳтарин роҳ барои қазоват дар мавриди сатҳи энержии ман ва ин ки чиқадар тавоноӣ анҷом корҳоро дорам ин аст, ки мардум бояд ба ман нигоҳ кунанд ва бигуянд оё у ҳануз ҳамон иштиёқи анҷоми корашро дорад? агар фикр мекунанд, ки ҳануз тавоноӣ дорам пас мушкили нест вале агар интавр фикр намекунанд бояд ташвиқ кунанд, ки барои интихобот иқдом накунам.

Пиртарин раиси Ҷумҳурии Амрико, ки моҳи оянда 80 сола мешавад иддао кард дар ҳоли ҳозир азҳамаи лиҳоз аз назари физики ва равони солим аст.

Хатоҳои ошкори каломии зиёди Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико афтодан аз пелаҳои ҳавопаймо, афтодан аз дучарха дар баробари дубинҳои хабари ва чанд бор даст додан бо шахсиятҳои хиёли аз ҷумла иттифоқоте ҳастанд, ки гумоназаниҳо дар бораи вазъияти номусоъиди саломатии уро афзоиш доданд.

Натиҷаҳои назарсанҷиҳои мухталиф дар Амрико низ ҳоки аз нигаронии аксарияти амрикоиҳо аз вазъи саломатии раиси ҷумҳури феълии ин кишвар аст.