Октябр 31, 2022 11:02 Asia/Dushanbe
  • Бин Салмон дар 5 соли гузашта дар ҳавзаи иҷтимои маҳдудиятҳоеро бардоштааст
    Бин Салмон дар 5 соли гузашта дар ҳавзаи иҷтимои маҳдудиятҳоеро бардоштааст

Рима бинт Бандар Оли Саъуд сафири Арабистони Саъудӣ дар Амрико дар гуфтугӯ бо Си Ен Ен эълом карда буд, ислоҳот дар Арабистон воқеъи аст ва ин кишвар дар тули панҷ соли гузашта иқдомоте анҷом дода, ки дар 80 соли гузашта накарда буд. Созмони аврупоӣ- Саъуди ҳуқуқи башар дар вокуниш ба ин изҳорот, ислоҳоти валиаҳди Саъудиро дуруғин ва ҷаълӣ тавсиф кард.

Муҳаммад Бин  Салмон июни 2017 ба симати валиаҳди Арабистони Саъуди мансуб шуд. Бин Салмон дар 5 соли гузашта дар ҳавзаи иҷтимои маҳдудиятҳоеро бардоштааст. Барои мисол, вай ба занон ҳаққи ронанданги дод, муҷавизи баргузории консертро содир кард ва ё ба занон иҷозаи ҳузур дар стадиюмҳо барои дидани мусобиқоти футбол дод. Бин Салмон дар ҳоле ин иқдомотро ислоҳот меномад, ки бархе аз онҳо аз ҳуқуқи ибтидоии ҳар шаҳрванде аз ҷумла занон маҳсуб мешавад ва аз сӯйи дигар валиаҳди Саъудӣ иқдоме дар заминаи ҳуқуқи сиёсии занони Арабистон анҷом надодааст.

Мавзӯъи муҳимтар ин аст, ки асосан таҳлилгарони равобити байналмиллалӣ ва ҳуқуқи байналмиллалӣ натанҳо Муҳаммад Бин Салмонро раҳбари ислоҳгар намедонанд балки вайро шахсияти иқтидоргаро ва аз ноқизони аслии ҳуқуқи башар дар низоми ҷаҳонӣ медонанд. Ҷу Байден Раиси Ҷумҳӯри Амрико расман дар давраи таблиғоти интихоботии раёсат Ҷумҳӯри эълом карда буд Арабистонро  ба кишвари матруд табдил хоҳад кард. Иллати аслии ин изҳороти назари Байден, нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар тавассути давлати Саъудӣ буд. Бинобарин ислоҳоти иддаоии Бин Салмон ҳатто тавассути муҳимтарин ҳомии Арабистон дар низоми ҷаҳонӣ низ пазирӯфта нашуд.

Валиаҳди Саъудӣ дар канори ҳазфи бархе маҳдудиятҳои иҷтимоъӣ, хафақон ва ихтинофи сиёсиро дар Арабистон афзоиш додааст. Дар ҳамин росто Созмони аврупои ҳуқуқи башар, ки ба мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистони Саъудӣ мепардозад, дар баёнияе эълом кард, мавориди фарояндаи нақзи ҳуқуқи башар дар солҳои ахир аз боздоштҳои худсарона то ҳукмҳои тулони муддат дар  ҳаққи фаъолон ва саркубии ниҳодҳои мадданӣ ҳамаги ниҳшон диҳандаи ин матлаб аст , ки наметавон тағироти рӯх додаро мусбат донист ва онро ислоҳот номид.

Созмони аврупоии ҳуқуқи башари Арабистони Саъудӣ таъкид кард, тағироте, ки Оли Саъуд ифтихор мекунад, ки дар тули панҷ соли гузашта рӯх додаааст,  шомили  ду баробар шудани теъдоди ҳукмҳои эъдомиҳо аст, ки болиғ бар ҳазор ҳукм шомили аҳкоми  эъдом алайҳи кӯдакон мешавад.

Дар  ин миён афроде, ки ба хашми низоми Саъудӣ мувоҷеҳ шудаанд тоифаҳои мухталифе вуҷӯд дорад. шоҳзодагони Саъудӣ, фаъолони мадданӣ ва мазҳабӣ, шаҳрвандони оддии муътаъриз ба вазъи зиндагӣ ва ҳатто бархе муфтиҳо низ дар зумраи фрорде ҳастанд, ки тавассути Бин  Салмон зиндони шуда ва ба аҳкоми ҳабс маҳкум шуданд. Дар миёни ин афрод ашхосе ҳам ҳузӯр доранд, ки аз ҳуқуқи занон дар Арабистон дифоъ карданд, аммо дар зиндон ҳузӯр  доранд,  шиканҷа мешаванд ва аз ҳаққи зандагӣ маҳрум шудаанд. Бинобар ин ончӣ Муҳаммад Бин  Салмон дар Арабистон дар солҳои ахир анҷом дод ислоҳот ва таваҷӯҳ ба арзишҳои ҳуқуқи башари набуд балки иқдомоте бо ҳадафи касби маҳбубият ва мақбулияти насли ҷавони Арабистон буд ва хушунати  сохтори ба маротиб бештар шудааст.

 

 

 

Барчасп