Декабр 08, 2016 20:55 Asia/Dushanbe
  • Пештозии Валс дар назарсанҷиҳои интихоботии Фаронса

Натоиҷи назарсанҷиҳои ҷадид нишон медиҳад, нахуствазири собиқи Фаронса дар назарсанҷиҳои дохилҳизбӣ ва ҷиноҳӣ пештоз аст.

Ба навиштаи торнамои рӯзномаи фаронсавии “Луфигару”, назарсанҷии муассисаи “Нarris Interactive”, ки натоиҷи он рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, нишон медиҳад, дар миёни чеҳраҳои сиёсии ҷиноҳи чап 45% аз мардуми Фаронса ба  Мануэл Валс, нахуствазири собиқи ин кишвар раъй хоҳанд дод. Дар миёни ҳомиёни Ҳизби сотсиалистии Фаронса низ 62% эълом кардаанд, ки ба Мануэл Валс раъй хоҳанд дод.

Мануэл Валс пас аз эъломи канорагирии Франсуа Уланд, раисҷумҳури Фаронса аз номзадӣ дар интихоботи риёсатҷумҳурии соли 2017 аз симмати нахуствазирӣ истеъфо дода, номзадияшро дар интихобот эълом кард.

Интихоботи дохилиҳизбӣ дар ҷиноҳи чапи Фаронса моҳи январи соли 2017 баргузор хоҳад шуд.

Франсуа Фиюн ба унвони номзади ҷиноҳи рости миёна ва Морин Лупн низ номзади Ҳизби рости ифротии Ҷабҳаи миллӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2017 Фаронса ҳастанд.

 

Барчасп