Макрон : Худдории Зеленский аз музокира бо Путин тасмими радикалӣ аст
Раиси Ҷумҳурии Фаронса худдории Владимир Зеленский-раиси Ҷумҳурии Украина аз музокира бо Владимир Путин-раиси Ҷумҳурии Русияро тасмими « радикалӣ ва шитобзада » хонд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Эмануэл Макрон, раиси ҷумҳӯри Фаронса дар конфаронси матбӯотии пас аз дуюмин рӯз аз бисту ҳафтумин конфаронси аъзои Конвенсияи чорчӯби Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди тағироти обу ҳавоӣ ( COP - 27 ) дар Шармушшайхи Миср гуфт : Ман фикр мекунам набояд имрӯз барои ироаи пешшартҳои комилан радикалӣ аҷала кард .
Эмануэл Макрон идома дод : Мо аз Украина ҳимоят мекунем, аммо ин ҷангро роҳандозӣ намекунем ва аз бозгашт ба сулҳ ба хотири эҳёии қавонини байналмиллалӣ дифо мекунем .
Раиси Ҷумҳурии Фаронса тасреҳ кард : Дар мақтаъе бозгашт ба мизи музокира зарурӣ хоҳад буд, аммо ин танҳо дар шароит ва дар лаҳзае ки Украина интихоб мекунад метавонад рух диҳад .
Пештар Сергей Лавров-вазири умӯри хориҷаи Русия гуфта буд ки раҳбарии Русия ҳамчунон барои музокира дар бораи Украина омодааст .
Лавров хотирнишон кард ки Русия омодааст то ба назароти ҳамкорони ғарбӣ дар сурати пешниҳоди созмондиҳии гуфтугӯ дар мавриди танишзудоӣ бо дар назар гирифтани манофеи Маскав гуш диҳад.
Бештар бихонед :