Ноябр 08, 2022 19:55 Asia/Dushanbe
  • Русия иддаои Амрико дар бораи дахолат дар интихоботи Амрикоро рад кард
    Русия иддаои Амрико дар бораи дахолат дар интихоботи Амрикоро рад кард

Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия иддаои Амрик дар бораи дахолати Русия дар интихоботи миёндавраӣ Амрикоро рад кард.

Ба гузориши шабакаи Русия Алявм Мария Захарова, сухангуи Вазорати хориҷаи Русия эълом кард ин кишвар ба ҳеҷваҷҳ дар интихоботи миёндавраи Амрико дахолат намекунад балки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар дар он дахолат мекунад.

Захарова таъкид кард ончи дар ҳоли ҳозир раванди маъмули зиндагии амрикоиҳоро мухтал мекунад Трам аст ки дар раванди интихоботи Армико дахолат мекунад.

Интихоботи миёндавра кангреси Амрико бар сари ҳамаи курсии маҷлиси намояндагони ва 35 курси аз 100 курсии маҷлиси Сенат имруз сешанбе баргузор хоҳад шуд. Дар ҳолиҳозир демократҳо дар ҳарду маҷлис аксарро дар ихтиёр доранд.

Интихоботи миёндавраи Амрико имруз 8 ноябр баргузор мешавад дар ин интихобот тамоми 435 курсии маҷлиси намояндагон ва 35 курси аз 100 курси Сенат ба рақобат гузошта мешавад.

Ҳамзамон бо интихоботи миёндавраӣ Амрико нигарониҳо дар бораи хушунати сиёсӣ ва таҳдид зидди демократҳо дар кишваре, ки муддаи парчамдори демокросии дар ҷаҳон аст ба шиддат афзоиш ёфта аст.

Натиҷаҳои як назарсанҷии ҷадид, ки тавассути шабакаи хабарии Эй Би Си Нюз ва Вашенгтон Пуст анҷом шуд нишон медиҳад, ки тақрибан аз ҳар 10 шаҳрванди амрикоӣ 9 нафар яъне муъодили 88 дарсад нигарони он ҳастанд, ки ташдиди ихтилофоти сиёсӣ, хатари хушунат бо агезаҳои сиёсиро дар ин кишвар афзоиш диҳад.

 

Барчасп