Ноябр 10, 2022 10:34 Asia/Dushanbe
  • Русия: 350 сарбози украинӣ кушта шуданд

Вазорати дифои Русия чаҳоршанбешаб гузориш дод, ки нерӯҳои русӣ илова бар куштани 350 низомии украинӣ дар ҷараёни муқобила бо ҳамалоти душман дар чандини меҳвар, як анбори  ракетандозро дар наздикии шаҳри Днепропетровск мунҳадим карданд.

Вазорати дифои Русия дар гузориши рӯзонаи худ тасреҳ кард, ки 60 низомии украинӣ дар меҳвари Кобянск ва 100 тани дигар аз низомиёнро дар шимоли Донетск ва 80 тани дигарро низ дар меҳвари ҷануби Донетск аз пой дароварданд.

Бар асоси ин гузориш, неруҳои Русия 12 талоши тахрибчиҳои артиши Украина ва нерӯҳои шиносоиро дар атрофи шаҳри Херсон хунсо карданд ва талафоти ягонҳои Украина дар ин меҳвар ба 110 тан расид.

Артиши Русия ҳамчунин аз сарнагӯнии як болгард украинӣ ва инҳидоми панҷ болгард дар ду минтақаи Херсон ва Харьков хабар дод.

Бар асоси баёнияи вазорати дифои Русия, низомиёни ин кишвар аз оғози ҷанги Украина токунӯн беш аз 332 ҳавопаймо, 172 болгард, 4702 паҳпод, 388 зиддиҳавоӣ , 6482 танк ва худрави ҷангӣ , 885 ракетандоз , 3564 тӯпхонаи майдонӣ ва хумпораандоз ва 7152 худрави низомии вижаро мунҳадим кардаанд.

 

Барчасп