Ҷанҷолофаринии келини хонадони салтанатии Британия бо ширкат дар интихоботи Амрико
(last modified Thu, 10 Nov 2022 10:01:25 GMT )
Ноябр 10, 2022 15:01 Asia/Dushanbe
  • Ҷанҷолофаринии келини хонадони салтанатии Британия бо ширкат дар интихоботи Амрико

Келини амрикоии хонадони салтанатии Британия ба далели эъломи ширкаташ дар интихоботи миёндавраии Конгресси Амрико муттаҳам ба нақзи протаколи ҳифзи бетарафии сиёсии аъзои ин хонадон шуд.

Меган Маркл, келини амрикоии хонадони салтанатии Британия эълом кард, дар интихоботи миёндавраии Конгресси Амрико раъй додааст.

Меган Маркл пас аз эъломи ин мавзӯ муттаҳам ба нақзи протоколи ҳифзи бетарафии сиёсии хонадони салтанатии Британия шуд.

Вебсойти мутааллиқ ба Маркл ва ҳамсараш, писари подшоҳи Британия, дар яке аз сафаҳоташ аз хонандагони ин вебсойти хост дар интихобот барои таъйини сарнавишти 435 курсии Маҷлиси намояндагони Амрико ва 34 курсии маҷлиси Сенати ин кишвар, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд, ширкат кунанд.

Дар ин вебсойт дар зери тасвире аз Меган Маркл ҳамроҳ бо барчасби «ман раъй додам» ,ки рӯй либосаш насб буд, навишта шуд: «имрӯз дар Амрико рӯзи интихобот аст! Вақти он расида, ки аз хона хориҷ шуда ва раъи бидиҳем!»

Дар ин матлаб мушаххас нашуд, арӯси хонадони салтанатии Британия дар ин интихобот ба чӣ касе раъй дода, аммо ҳовии линки вебсойти як созмони ғайридавлатӣ, як ҳомии интихоботи Ҳизби демократ буд.

Маркл, яке аз мунтақидони Доналд Трамп, дар ҷараёни корзори интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 Амрико қабл аз издивоҷаш бо писари подшоҳи Британия, ҳамалоти тунде алайҳи Трамп кард ва ӯро «тафриқабарангез» ва «заситез» хонда буд.