Тафсир : Интихоботи миёндавраӣ- намоди шикоф ва дуқутбӣ шудани Амрико
Раъйгирии интихоботи миёндавраии 2022 Амрико рӯзи сешанбе дар ҳамаи иёлатҳои ин кишвар баргузор шуд .
Ин интихобот, ки аз гаронтарин рақобатҳои ғайри раёсати ҷумҳурӣ дар таърих аст, дар ҳоле баргузор шуд, ки раъйдиҳандагони амрикоӣ дар бораи масири пеши рӯйи ин кишвар нигарон будаву шикофи бесобиқаи сиёсӣ бар ин кишвар соя афкандааст .
Бо идомаи шумориши орои интихоботи миёндавраӣ фосилаи ҷумҳурихоҳон бо демократҳо ва эҳтимоли дастёбии онон ба аксарияти Маҷлиси намояндагон бештар шуд . Ҷадидтарин натиҷаи интихоботи интихоботи миёндавраии Конгресс ҳокӣ аст аз маҷмӯи 435 курсии Маҷлиси намояндагон ҷумҳурихоҳон то кунун тавонистаанд 207 курсиро аз они худ кунанд . Демократҳо низ то кунун 189 курсиро ба даст овардаанд . Ҳизбе метавонад аксарияти Маҷлиси намояндагонро ба даст оварад, ки дасти кам соҳиби 218 курсии он шавад . Бе онки тағйире дар охирин натиҷаи эъломшуда аз интихоботи маҷлиси Сенат ҳосил шавад, нишон медиҳад, ки номзадҳои ҷумҳурихоҳу демократ-ду ҳизби сиёсии аслии Амрико то кунун ба тартиб 49 ва 48 курсӣ ба даст овардаанд . Ҳизбе ки 51 курсӣ ба даст оварад соҳиби аксарияти маҷлиси Сенат мешавад . Сенат 100 курсӣ дорад .
Интихоботи миёндавраии Амрикоро метавон намоди шикофи рӯзафзӯн дар Амрико ва дуқутбӣ шудани ҷомеъаи ин кишвар донист . Коршиносон муътақиданд, ки бо тавваҷуҳ ба таҷрибаи интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 Амрико, ки бо расвоиҳои бисёре ҳамроҳ буд, системаи интихоботии куҳнашудаи Амрико тазминкунандаи машрӯъияти раванди интихобот нест ва раъйдиҳандагон ба натоиҷи интихобот эътимод надоранд ва онро мутаққаллибона медонанд .
Дар айни ҳол ихтилофоти рӯзафзӯн дар Амрико, ки ба дохили ҷомеъаи ин кишвар низ нуфӯз карда мӯҷиб шуда то беш аз ҳар замони дигаре бо ҷомеъаи мутафарриқу қутбишуда дар Иёлоти муттаҳида мувоҷеҳ бошем .
Ба таври куллӣ бояд гуфт ки демокрасии Амрико акнун бо чолишҳову мухотироти зиёде мувоҷеҳ буда ва тардидҳои зиёде дар бораи намодҳои он ба вижа интихобот аборат аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва интихоботи миёндавраӣ ва сиҳҳату саломати баргузории онҳо дар ҷомеъаи Амрико вуҷуд дорад . Зимни инки раъйдиҳандагони амрикоӣ ба мизони рӯзафзӯн эътимоди худ ба низоми сиёсии Амрико ва коргузорони онро аз даст додаанд ва дар айни ҳол хушунати сиёсӣ дар Иёлоти муттаҳида низ раванди афзоишӣ доштааст .