Варшава : Украина иттиҳом задан ба Русияро поён диҳад
Сафири Русия дар Полша(Лаҳистон) дар бораи ҳамлаи мушакии ахир эълом кард Варшава раиси ҷумҳурии Украинаро ба тавваҷуҳ ба тавсияҳову таваққуфи иттиҳомзанӣ ба Русия фаро хондааст .
Шомгоҳи сешанбеи 15 ноябр як мӯшак дар шаҳри Пшеводув дар минтақаи Люблини шарқии Полша дар наздикии марзи Украина суқут кард ва ду нафар кушта шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС,Сергий Андриев-сафири Русия дар Полша рӯзи ҷумъа гуфт : Варшава ба Владимир Зеленский- раиси ҷумҳури Украина мегуяд ба иттиҳом задан ба Русия дар бораи ҳамла ба Полша поён диҳад, зеро мушаххас шуда ки суқути мӯшак дар шарқи ин кишвар кори Русия набудааст .
Андриев шаби 15 ноябр то бомдоди 16 ноябр ба вазорати хориҷаи Полша эҳзор шуд ва ёддошти диплумотикӣ дар бораи ҳодисаи мушакии шарқи Полша ба вай супурда шуд . Ба гуфтаи ин дипломати рус дар ёддошт таъкид шуда буд, ки як мӯшаки сохти Русия дар Полша суқут кардааст ва хостори « тавзеҳи фаврӣ » дар ин бора буданд .
Анджей Дуда, раиси ҷумҳурии Полша дар ин замина гуфт ки ин ҳамла барқасдона набудааст . Варшава итминон ҳосил кард, ки ин партоби ба эҳтимоли зиёд як мӯшаки С - 300 сохти даҳаи 1970 бошад, ки неруҳои дифои ҳавоии Украина аз он истифода мекунанд .
Вазорати дифои Русия изҳороти расонаҳои хабарӣ ва мақомоти лаҳистониро дар Варшава мабнӣ бар суқути мӯшакҳои русӣ дар Полшаро ба шиддат маҳкум кард ва гуфт : Қазоват аз рӯйи акс ҳамин мешавад, ин пасмондҳо ҳеҷ иртиботе бо муҳимоти русӣ надоранд .