Ноябр 23, 2022 21:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷопон 2 Олмон 1
    Ҷопон 2 Олмон 1

Дақоиқе қабл тими миллии Ҷопон, аз намояндагони Осиё дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар тавонист дар гурӯҳи E-и рақобатҳо бо натиҷаи 2 бар 1 Олмонро шикаст диҳад.

Тими миллии Ҷопон пас аз Арабистон, ки тавонист Аргентинаро дар Ҷоми Ҷаҳонӣ шикаст диҳад, дуюмин шигифтисози Ҷоми Ҷаҳонии 2022-и Қатар ном гирифт.

Ибтидо Ликай Гундоған дар дақиқаи 33 бо зарбаи пеналтӣ дарвозаи ҷопониҳоро боз кард.

Сипас Ритсу Доан барои ҷопониҳо дар дақиқаи 75 корро ба тасовӣ кашонд ва дар дақиқаи 83 ҳам Такума Асано голи пирӯзибахшро барои сомурайиҳо ба самар расонд.

Ҳамчунин дар гуруҳи F тимҳои Тунису Хорватия ба масофи ҳам рафтанд, ки бидуни гол мусовӣ шуданд.

 

Барчасп