Декабр 10, 2016 18:33 Asia/Dushanbe
  • Эътирози мардуми Бангладеш ба куштори мусулмонони рохинён дар Миянмар

Мардуми Бангладеш ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, дар эътироз ба вазъияти мусулмонони рохинён дар Дакка, пойтахти ин кишвар тазоҳурот карданд.

Ба гузориши “Associated Press”, муътаризон зимни муттаҳам кардани Аун Сан Ҷи, раҳбари Ҳизби ҳокими Лиги миллӣ барои демокрасӣ ва вазири умури хориҷаи Миянмар ба бекифоятӣ дар расидагӣ ба вазъияти асафбори мусулмонони рохинён, аз давлти Бангладеш хостанд ба номи инсоният бо вуруди онон ба Бангладеш мувофиқат кунад.

Муътаризон дар Дакка ҳамчунин хостори ҳимояти созмонҳои байналамилалӣ аз мусулмонони рохинён шуданд.

Муҳаммад Шоҳҷаҳон, дабири Дафтари ҳуқуқи башар дар Бангладеш, бо ибрози таасуф аз нақзи ҳуқуқи башар дар Миёнмар аз Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони конфронси исломӣ ва аз тамомии созмонҳои байналмилалӣ, дар хост кард, ки ба вазъияти мусулмонони рохинён расидагӣ шуда ва аз онҳо ҳимоят кунанд.

Аз оғози амалиёти артиши Миянмар дар вилояти Рохин зидди мусулмонони рохинён дар се моҳи гузашта, 86 нафар кушта шуда ва 22 ҳазор нафар бар асари озор ва саркӯби артиши ин кишвар ба Бангладеш гурехтаанд.

 

Барчасп