Русия Украинаро ба унвони « давлати террористӣ » муаррифӣ нахоҳад кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i94638-Русия_Украинаро_ба_унвони_давлати_террористӣ_муаррифӣ_нахоҳад_кард
Муовини вазири умӯри хориҷаи Русия эълом кард бархилофи равишу амалкарди ғарбиҳо Украинаро давлати террористӣ эълом намекунад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 26, 2022 11:26 Asia/Dushanbe
  • Русия Украинаро ба унвони « давлати террористӣ » муаррифӣ нахоҳад кард

Муовини вазири умӯри хориҷаи Русия эълом кард бархилофи равишу амалкарди ғарбиҳо Украинаро давлати террористӣ эълом намекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Олег Сиромолотов рӯзи ҷумъа гуфт:Русия бо вуҷӯди нақзи « ваҳшиёна » и қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ тавассути Киев, аммо давлати Украинаро ба унвони « давлати террористӣ » муаррифӣ нахоҳад кард .
Сиромолотов афзуд Маскав ҳар докторинеро, ки як миллатро террористӣ муаррифӣ кунад рад мекунад ва ин равиш  дар воқеъ равиши ғарбӣ аст.
Муовини вазири умӯри хориҷаи Русия хотирнишон кард : « Докторинаи тероризми давлатӣ тавассути Амрико ва соири кишварҳои ғарбӣ барои тавҷеҳи мудохила дар умӯри дохилии дигарон мавриди сӯистифода қарор мегирад . »
Ин дипломати баландпояи Русия таъкид кард, ки Русия ҳамвора таҳримҳои якҷонибаро ғайри қобили қабул медонад .
Ин дипломат ҳамчунин аз қатъномаи ахири порлумони Иттиҳодияи Аврупо, ки Русияро « давлати ҳомии тероризм » номида буд  интиқод кард ва гуфт : « Ин иқдомот бахше аз маъракаи иттилоотӣ ва сиёсии Ғарб алайҳи миллати мо аст . »
Владимир Зеленский-раиси ҷумҳӯри Украина борҳо аз Русия ба унвони як кишвари террорист ёд карда ва аз соири кишварҳо - ба вижа дар Ғарб хостааст, то Русияро ба унвони кишвари террористӣ муаррифӣ кунанд .

Бештар бихонед :