Ноябр 28, 2022 14:36 Asia/Dushanbe
  • Иловабарин, ҳамкории бештар дар чорчӯби барномаҳои Созмон дар бораи замонии 2022  то 2025 дар назар гирифта шуд
    Иловабарин, ҳамкории бештар дар чорчӯби барномаҳои Созмон дар бораи замонии 2022 то 2025 дар назар гирифта шуд

Муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон бо намояндаи минтақаии дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Миллаи Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ дидор карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Вафо Хоҷаев бо ҳайате ба сарпарастии Ошито Митол намояндаи минтақаии дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Миллали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ дидор кард.

Дар ин дидор тарафайн аз сатҳи ҳамкории Туркманистон ва дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Миллали Муттаҳид қадрдонӣ ва дар мавриди иҷрои барномаҳои миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонии Созмони Миллал барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир баҳсу табодули назар карданд.

Иловабарин, ҳамкории бештар дар чорчӯби барномаҳои Созмон дар бораи замонии 2022  то 2025 дар назар гирифта шуд.

Тарафайн дар мавриди ибтикори тақвияти ҳамкории фаромарзии барномаи Созмони Миллал барои кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст бо таваҷӯҳ ба дастовардҳои хадамоти гумрукии Туркманистон ва бо ишора ба асарбахшии ҳамкориҳои  дуҷонибаи талошҳои Ишқобод барои идғом дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва гушоиши равобити тиҷории байналмиллалии ҷадид мавриди тақдир қарор доданд.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп