Расонаи чинӣ : Ҳамаи нигоҳҳо ба бозии футболи Эрон ва Амрикост
(last modified Tue, 29 Nov 2022 07:04:04 GMT )
Ноябр 29, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Расонаи чинӣ : Ҳамаи нигоҳҳо ба бозии футболи Эрон ва Амрикост

Шабакаи CGTN Чин дар гузорише дар бораи бозиҳои поёнии гуруҳи дувуми Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар навишт бисёре аз нигоҳҳо ба бозии ду рақиби дерина Эрон ва Амрикост .

Расонаи чинӣ навишта,ки амрикоиҳо бо шеваи бозии сареъу пурфишори худ муқобили Уэлсу Англия ба тасовӣ расиданд ва Эрон ҳам пас аз шикасти сангин баробари Англия дар бозии аввал, дар бозӣ баробари Уэлс, пирӯзии сазоворонау эҳсосиро касб кард .
Дар ҳоле ки Амрико дар остонаи ҳазф аз рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ қарор дорад, маҳкӯм ба пирӯзии баробари тими Эрон ҳастанд.
Ин шабакаи чинӣ дар поён навишт Эрон асири суръату ҳаракоти сариъи бозикунони Англия шуд ва амрикоиҳо умедвор ҳастанд бозии пурэнержии онҳо натиҷае мушобеҳро рақам бизанад .
Бозиҳои поёнии гуруҳи дувуми Ҷоми ҷаҳонӣ сешанбе ба таври ҳамзамон баргузор мешавад ва Эрон бо Амрико ва Уэлс бо Англия дидор хоҳанд дошт .

Бештар бихонед :

 

Барчасп