Декабр 02, 2022 15:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми ҷаҳонии 2022 ; видоъи талхи олмониҳо бо Ҷоми ҷаҳонӣ

Тими миллии футболи Олмон бо вуҷуди бартарӣ муқобили Коста-Рика видоъи талху зудҳангоме бо Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар яке аз муҳимтарин дидорҳои ҳафтаи сеюми рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар, тимҳои Олмону Коста-Рика ба масофи ҳам рафтанд, ки ин ҷидоли ҳассос бо бартарии 4 бар 2 шогирдони Ҳанси Флик хотима ёфт аммо онҳо натавонистанд ҷавози суъӯд ба марҳалаи як ҳаштуми ниҳоии Ҷоми ҷаҳониро ба даст оваранд, то видоъи зудҳангомеро бо ҷом дошта бошанд .
Қазовати ин дидор ба ӯҳдаи Стефани Фрапарт-довари фаронсавӣ буд, то барои нахустин бор як довари зан бозии Ҷоми ҷаҳониро қазоват карда бошад .
Дар дигар дидори гуруҳи панҷум Ҷопон бо як пирӯзии торихӣ аз садди Испанияи қудратманд гузашт, то ба унвони саргурӯҳ роҳии як ҳаштуми ниҳоӣ шавад .
Дар ин гуруҳ Ҷопон бо 6 имтиёз садрнишин шуд ва Испания бо чаҳор имтиёз тими дувум шуд, то онҳо ба марҳилаи баъд бирасанд. Олмон бо 4 имтиёз ва Коста-Рика ҳам бо 3 имтиёз аз гардунаи мусобиқот канор рафтанд.

 

Барчасп