Истиқболи Русия аз пешниҳоди Ватикан дар бораи ҷанги Украина
(last modified Tue, 13 Dec 2022 07:05:08 GMT )
Декабр 13, 2022 12:05 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Русия аз пешниҳоди Ватикан дар бораи ҷанги Украина

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия аз эдеяи Ватикан барои баргузории музокироти миёни Русияву Украина истиқбол кард .

Русия аз ибтидои ҷанги Украина эълом кардааст ки дар сурати дода шудани тазминҳои амниятӣ барои ғайринизомӣ шудани Украина ва канор рафтани неонатсисҳо аз қудрат дар ин кишвари Аврупои шарқӣ, ҷангро мутаваққиф хоҳад кард .
Кардинал Питрои Паролин-вазири Ватикан гуфт : Ватикан қасд дорад фазоеро фароҳам кунад, ки ду тараф битавонанд бидуни ҳеҷ пешшарте дар бораи поён додан ба ҷанги Украина бо ҳам дидору гуфтугу кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мария Захарова-сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия рӯзи душанбе дар канали телеграмии худ навишт : Ватикан метавонад макони муносибе барои мизбонӣ аз музокиракунандагон барои гуфтугу дар мавриди Украина бошад .
Захарова дар айни ҳол бо интиқод аз суханони поп Франсис дар бораи низомиёни буряту чечен хотирнишон кард : Ман бояд аз бародарони чеченӣ ва буряти худ қадрдонӣ кунам . То ҷое ки ба ёд дорам ، Ватикан ҳануз ба хотири суханони поп Франсис узрхоҳӣ накардааст .
Попи Франсис ба тозагӣ дар мусоҳибае, ки тавассути маҷаллаи амрикоии « America The Jesuit Review » мунташир шуд, хидматчиёни низомии чеченӣ ва бурятро ба унвони сарбозони бераҳм дар ҷанги Украина муаррифӣ кард .
Суханон ӯ эътирозоти умумии густардаеро ҳам дар ин ҷумҳуриҳо ва ҳам дар кулли Русия барангехт .

Бештар бихонед :