Декабр 18, 2022 13:38 Asia/Dushanbe
  • Русия: Маскав ҳануз НАТО-ро ба унвони як созмони байналмимлали қабул надорад
    Русия: Маскав ҳануз НАТО-ро ба унвони як созмони байналмимлали қабул надорад

Як мақоми давлати Русия, ки нахост номаш фош шавад гуфт ин кишвар ҳануз НАТО-ро ба нувони як созмони байналмилал ба расмият намешносад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, як мақоми давлатии Русия бо баёни матлаби мазкур эълом кард ин кишвар ба таври кулли бо ҳузури намояндагони НАТО ба унвони як созмон дар ҷомеъаи байналмилали мухолифат мекунад.

Ин мақоми Русия ҳамчунин гуфт дар ҳоли ҳозир имкони гуфтугу бо НАТО ба унвони як созмони байналмилали бо таваҷҷуҳ ба таҳавулоти фаъли вуҷуд надорад.

Дмитрий Медведев, муъовини шурои амнияти Русия бо ҳушдор ба кишварҳои узвби НАТО таҳдид кард аъзои НАТО, ки ба баҳонаи ҷанг дар Украина ба ин кишвар таслиҳот ирсол мекунанд аҳдофи машруъи барои ҳамалоти Русия ҳастанд.

Русия аз охири соли 2021 борҳо рушди НАТО ба самти шарқро ба унвони таҳдиди зидди амнияти миллии худ эълом кард ва руйкарди НАТО барои густариши аъзои ин паймони низомиро омили ташдиди танишҳо арзёби кард.

 

Барчасп