Буҳрони камбуди неруи полис ва афзоиши ҷурму ҷиноят дар Амрико
Идороти полиси саросари Амрико эълом кард, ин кишвар дар соли 2022 шоҳиди афзоиши чашмгири ҷароими хушунатомез буда, ки яке аз далоили он камбуди неруи полис унвон шудааст.
Идороти полиси саросари Амрико эълом кард, дар ҳафтаи охири декабр дар соли 2022 ҷиноёти хушунатомез дар Чикаго нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 41 дарсад афзоиш ёфта, аммо қатл 14 дарсад камтар шудааст.
Дар Ню-Йорк низ ҷароими хушунатомез дар муқоиса бо соли 2021 рушди 23 дарсадиро шоҳид буда, аммо мизони қатл 13 дарсад камтар шудааст.
Дар Лос Анҷелес низ ин гуна ҷароим 8 дарсад рушдро нишон медиҳад, аммо омори қатл наздик ба 6 дарсад коҳиш доштааст.
Яке аз аъзои Ҳизби миллии анҷумани полис гуфт, яке аз далоили камбуди неруи полис дар Амрико руҳияи заиф, афзоиши назорати мӯшикофона бар афсарону лаффозиҳои зиддиполисии сиёсатмадорон унвон шудааст.
Дар Ню-Йорк танҳо дар соли 2022 беш аз чаҳор ҳазор афсари канорагирӣ карданд, ки бештарин мизон пас аз ҳамалоти террористии 11 сентябри 2001 ба шумор меравад.
Ба дунболи ин коҳиши теъдоди неруи полис, дуздӣ дар шаҳр 26 дарсад афзоиш ёфтаву ҷиноят 13 дарсад ҷаҳиш доштааст.