Таъйини таърихи баргузории марҳалаи дуввуми интихоботи порлумонии Тунис дар миёни эътирозот
(last modified Wed, 18 Jan 2023 15:13:47 GMT )
Январ 18, 2023 20:13 Asia/Dushanbe
  • Таъйини таърихи баргузории марҳалаи дуввуми интихоботи порлумонии Тунис дар миёни эътирозот

Дар ҳоле, ки эътирозоти сиёсӣ дар Тунис идома дорад, Кумитаи олии мустақили интихоботи ин кишвар, 29 январро барои баргузории даври дуввуми интихоботи порлумонӣ таъйин кард.

Форуқ Бу Аскар, раиси Кумитаи олии мустақили интихоботи Тунис бо ишора ба ин ки дуюмин даври интихоботи порлумонӣ дар 29 январи 2023 баргузор ва таблиғоти интихоботӣ аз рӯзи 16 моҳи ҷорӣ шурӯ мешавад, гуфт: Номзадҳои интихоботӣ муҷозанд ба таблиғоти худ барои вуруд ба порлумон то поёни 27 январ идома диҳанд. Вай афзуд: Сукути интихоботӣ аз аввалин дақиқаҳои 28 январ шурӯ мешавад ва то баста шудани дар ҳавзаҳои раъйгирӣ идома пайдо хоҳад кард.

Дар даври дуввуми интихоботи порлумонии Тунис, 7 миллиону 853 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дорои шароити раъй додан ҳастанд ва 445 номзад барои ба даст овардани 131 курсии порлумон бо якдигар рақобат мекунанд.

Интихоботи порлумонии Тунис моҳи гузашта дар ҳоле баргузор шуд, ки даҳҳо ҳизб, ин интихоботро таҳрим карда буданд ва аз 9 миллиону 200 ҳазор нафар шаҳрванди дорои ҳақи раъй, фақат ҳудӯди як миллион нафар дар ин интихобот ширкат карданд. Ин интихобот тибқи Қонуни асосии ҷадиди Тунис баргузор шуд; қонӯне, ки бисёре аз шаҳрвандону аҳзоб, онро қабул надошта ва дар воқеъ тадвини онро дар ростои аҳдофи Қайс Саид, раисиҷумҳури ин кишвар медонистанд.

Бар асоси қонуни асосии ҷадид, порлумон 161 курсӣ дорад дар ҳоле, ки порлумони қаблӣ 217 курсӣ дошт. Дар қонуни асосии ҷадид нақши порлумон дар сохтори сиёсии Тунис бисёр камранг шуда, аммо ихтиёроти раёсатҷумҳур ба шиддат афзоиш ёфтааст. Ин қонӯн соли гузашта ба ҳамапурсӣ гузошта шуд ва камтар аз се як ҳисаи тунисиҳо ба он раъйи мусбат доданд.

Рошид Ал Ғануси, раҳбари Ҳизби ал наҳзаи Тунис дар ин замина мегуяд, мушорикати бисёр поин дар ин интихоботи порлумонӣ, муътабартарин посухи мардум дар радди масире аст, ки Қайс Саид, раисҷумҳур онро дар 25 июли 2021 оғоз кард.

Ҳамзамон, эътирозоти мардумӣ дар Тунис шиддат гирифтааст. Тайи чандрӯзи гузашта ва мусодиф бо давоздаҳумин солрӯзи инқилоби Тунис, садҳо тунисӣ ба даъвати аҳзоби мухталиф ба хиёбонҳо омадаанд. Мухолифони давлат, таҷаммуоти чандрӯзи ахир дар Тунисро бузургтарин эътирозоти мардум тайи 12 соли ахир ва баъд аз фирори Бин Алӣ, диктатори пешини ин кишвар тавсиф кардаанд.

Аҳзоби мухолиф ва дар раъси онҳо «Ҷабҳаи наҷоти миллӣ»-и Тунис муташаккил аз Ҷумбиши Ал наҳза ва дигар аҳзобу шахсиятҳои ҳомии он ва ҳамчунин иттифоқҳои машоғил дар ин эътирозот ҳузур доранд. Онҳо зимни маҳкӯм кардани сиёсатҳои Қайс Саид, шароити сиёсии кунӯниро бар хилофи хосту аҳдофи худ барои расидан ба демократия медонанд.

Hamma Hammami, дабири кулли Ҳизби коргарони Тунис, бо баёни инки ин кишвар дар буҳрони бесобиқае басар мебарад, гуфт, Қайс Саид системаи собиқ ба раҳбарии Ҳизби Ал Наҳзаро сарнагун кард то худ ба шакли инҳисорӣ қудратро дар даст бигирад.

Мунсиф Мазруқӣ, раисиҷумҳури пешини Тунис низ дар пайи баргузории тазоҳуроти мардум барои канорагирии раисҷумҳур ва баргузории интихоботи зудҳангом гуфт, тунисиҳо дар солгарди инқилоби худ нишон доданд, ки ин инқилоб ҳамчунон зинда аст.

Ба ҳар ҳол, ба назар мерасад Тунис бори дигар дар остонаи таҳаввулоти умдае қарор гирифтааст, ки мизони асаргузории аҳзобу ҷараёнҳои сиёсӣ бар якдигар, самту сӯи онро мушаххас хоҳад кард.