Таҳлил: Тазоҳуроти миллионӣ дар Фаронса дар эътироз ба сиёсатҳои давлати Макрон
(last modified Sun, 22 Jan 2023 13:10:19 GMT )
Январ 22, 2023 18:10 Asia/Dushanbe
  • Канфедрасиюни умумии кор, бузургтарин иттиҳодияи коргарии  Фаронса теъдоди ширкат кунандагон дар тазоҳуротро беш аз 2 миллиот нафар эълом кард
    Канфедрасиюни умумии кор, бузургтарин иттиҳодияи коргарии Фаронса теъдоди ширкат кунандагон дар тазоҳуротро беш аз 2 миллиот нафар эълом кард

Аз шумори бесобиқаи ширкат кунандагон дар тазоҳуроти густарда дар Фаронса дар эътироз ба тарҳи давлат барои ислозии қонуни бознишастагӣ ва афзоиши синни он дар канори интишори тасовир аз ҳузӯри густарда ва истиқболи мардум аз фарохони иттиҳодияҳои кор ва коркунон дар расонаҳо ба унвони мавқеъияти бузург дар басиҷи мардумӣ ва сафороӣ дар баробари давлат ёд мешавад.

Рӯзҳи панҷшанбе тазоҳӯроти бисёр муҳим ва густардае дар Фаронса баргузор шуд. Дар саросари Фаронса 200 тазоҳурот баргузор шуд ва ҳамроҳии мардум бо фарохони ин эътироз ба тарҳе, ки ноодилона ва бераҳмона хонда мешавад. то ҳадди зиёде хадамоти ҳамлу нақл, фаъолиятҳои бахшҳои омӯзишӣ ва бисёре аз машоғилро мухтал кард.  Канфедрасиюни умумии кор, бузургтарин иттиҳодияи коргарии  Фаронса теъдоди ширкат кунандагон дар тазоҳуротро беш аз 2 миллиот нафар эълом кард. Давлати аммо ин оморро яки миллиону 200 ҳазот нафар эълом кардааст. Таҷамӯъи азими рӯзи панҷшанбе ҳамчунин бо истиқболи чеҳраҳои сиёсии сабзи Фаронса ва аз номзадҳои даври нахусти интихоботи раёсатҷумҳӯрӣ, дар Твиттер ду миллион тазоҳур кунандаро мавқеъияти азими басиҷ алайҳи ислоҳоти бознишастагӣ хонд ва афзӯд: Раисиҷумҳӯр Эммонуэл Макрон бояд мухолифати густардаи фаронсавиҳо бо пружаи амиқи ноодилонаи худро бишунавад ва аз он даст  бикашад.

Иттиҳодияҳои кор, ки борҳо ва қабл аз интихоботи раёсатҷумҳӯри Фаронса, мухолифати худро бо ислоҳи қонуни бознишастагии давлати Макрон ва афзоиши дусолаи синни бознишастагӣ эълом карда буданд бо ҷиддитар шудани баҳс ва ироаи расмии он, барномаи ин тазоҳӯрот ва эътисоби густардаро барномарези карданд. Ба рағми ақабнишинии давлати Макрон дар бораи иҷроии ин тарҳ аммо мақомоти ин давлат аз ҷула вазири кори Фаронса бар лузуми иҷрои он таъкид кардааст. Ӯ муътақид аст, ки афзоиши синни  бознишастагӣ ба 64 сол ба рушди 17 миллиарду 700 еврои даромади системи бознишастагӣ  ва  дароз шудани он то соли 2027 мунҷар  мешавад. Иттиҳодияҳои коркунон ва коргарон муътақиданд, ки молиёт бар сарватмандон, афзоиши саҳми корфармоён ё бознишастагони сарватманд аз ҷумлаи ин роҳкорҳо маҳсуб мешавад.

Эммонуэл Макрон раисҷумҳӯри Фаронса дар суханоне ба муносибати оғози соли нави мелодӣ дар як паёми ҷанҷоли дар бораи низоми бознишастагӣ, ки аз ноябри 2018 шаклгирии ҷунбиши ҷалиқа зардҳо буд гуфт, ки ин ислоҳоти бознишастагӣ дар соли 2023 анҷом хоҳад шуд. Ислоҳи низоми бознишастагӣ яке аз аслитарин ваъдаҳои Макрон дар интихоботии раёсатҷумҳӯрии 2017 буд аммо пешниҳодоти аввалияи вай дар ин замина ба тазоҳӯрот ва эътисоби густарда дар Фаронса доман зад. Ин тазоҳурот ва эътисобҳо то моҳҳо фазои Фаронсаро  мултаҳиб карда буд. Ба таври кулли иқдомоти Макрон сабаби бурузи вокунишҳои манфии густардае дар ин кишвар шуда, ки давлати фаронсаро ба далели иттихози сиёсатҳо ва иқдомоти моҷароҷӯёна дар арсаи хориҷӣ ба вижа ҳамроҳи дар эъмоли таҳримҳои зиддӣ русӣ  ва паёмадҳои ҳосил аз онҳо яъне камбуди шаддиди газ ва афзоши бесобиқаи таварум ва хазинаҳои зинадгӣ дар Фаронса сабаб шуда то мавҷи эътисобҳо дар иин кишвар беш аз пеш густариш ёбад.

Метавон пешбини кард, ки бо сахттар шудани увзоъ ва шароит барои фаронсавиҳо ба вижа иҷроӣ шудани тарҳи бознишастагӣ ва тадовуми таварум ва камбудҳо дар ҷомеъаи Фаронса, увзоъи иҷтимоъи ин кишвар беш аз пеш бӯҳрони шуда ва эътироз ва эътисобот ҷанбаи фарогиртаре пайдо хоҳад кард. Камо ин, ки мавқеъият дар басиҷи умуми дар баробари тарҳи давлати Макрон, иттиҳодияҳои кор ва коргариро бар он дошта то рӯзи 31-уми  январро ба унвони таърихи эътироз ва эътисоби баъди эълом кунанд. Масъалае, ки ба назар мерасад битавонад абъоди густардатаре ба худ бигирад ва ба чолиши ҷиддии давлати Макрон дар дуввумин давраи раёсатҷумҳӯриаш табдил шавад.

Бештар бихонед: