Тафсир: Тазоҳуроти ҳазорон фаронсавӣ дар Порис ва дархости истеъфои Макрон
Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони фаронсавӣ дар ростои дархости Ҳизби ростгарои меҳанпарасатон дар майдони "Пале-Роял"-и Порис таҷаммуъ карда ва хостори истеъфои Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса шуданд. Ин сеюмин бор аст, ки ин Ҳизби ростгаро дархости тазоҳурот медиҳад ва пештар барои аввалин бор дар 3 сентябр аввалин тазоҳурот баргузор шуда буд. Дар тазоҳуроти кунӯнӣ истеъфои Макрон ва хурӯҷ аз Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ҳадафи муътаризон унвон шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба вахомати рӯзафзӯни авзоъи иқтисодии мардуми Фаронса ба далели таҳримҳои густардаи бесобиқаи Ғарб, аз ҷумла Аврупо ва низ иқдомоти мутақобили Маскав дар ҳавзаи энержӣ аз далоили муҳими эътирозоти ҳазороннафарии ахир дар Порис бошад.
Ба назар мерасад, афзоиши рӯзафзӯни норизоятӣ аз раисиҷумҳури Фаронса, ки чанде қабл барои дуюмин бор ба ин самт баргузида шуд.
Дар ин росто натоиҷи тозатарин назарсанҷии муассисаи «iLab» баёнгари он аст, ки дар ҳоли ҳозир, ки кишварҳои аврупоӣ дар талош барои эъмоли таҳрим алайҳи Русия ба баҳонаи ҳамла ба Украина ҳастанд, аксари шаҳрвандони Фаронса бо эъмоли ин таҳримҳо мухолиф ҳастанд ва танҳо 40 дарсад аз ин иқдомоти таҳримӣ ҳимоят мекунанд, 32 дарсад хоҳони маҳдуд шудани доманаи таҳримҳо ҳастанд то асари он бар зиндагии шаҳрвандони Фаронса набошад ва 27 дарсад ҳам ба таври куллӣ мухолифи таҳрими Русия ҳастанд.