Январ 24, 2023 13:03 Asia/Dushanbe
  • Боррел : Барҷом намурда, аммо пешрафте дар музокирот сурат нагирифтааст

Масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бидуни ишора ба хурӯҷи ғайриқонунии Амрико аз Барҷом ва бадаҳдии аврупоиҳо дар қиболи ин тавофуқи ҳастаӣ гуфт: Барҷом намурда, аммо пешрафте дар музокироти лағви таҳримҳо низ сурат нагирифтааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷозеф Боррел-масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо матлаби мазкӯрро душанбешаби гузашта дар нишаст бо ҳузури намояндагони расонаҳо дар Брюссел пас аз иҷлоси Шӯрои вазирони умӯри хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо матраҳ кард .
Ҷозеф Боррел дар посух ба саволе мабнӣ бар инки оё ба назари ӯ ҳануз имкони азсаргирии музокироти рафъи таҳримҳо вуҷӯд дорад, гуфт: Ин музокирот дар як вазъияти интизор ба сар мебарад .
Ин изҳороти Боррел дар ҳоле матраҳ шуд, ки музокироти рафъи таҳримҳо пас аз моҳҳо гуфтугуҳои фишурда дар Вена ба марҳалае расидааст ки чунончи Амрико ба унвони тарафи нақзкунандаи Барҷом мутолиботи мантиқии Эрон ва илзомоти шаклгирии як тавофуқи пойдору қобили иттикоро бипазирад, тавофуқи ниҳоӣ ҳосил хоҳад шуд .
Таҷрибаи моҳҳо музокирот дар Вена собит кард Кохи Сафед ба далели мушкилоти дохилӣ ва фишори режими саҳюнистӣ қудрати тасмимгирӣ барои бозгашт ба тавофуқи ҳастаеро надорад ва аз ин манзар ба тактикаи муқассирнамои ва таъйини зарбулаҷалҳои сохтагӣ алайҳи Эрон рӯй овардааст.
Қариб ба иттифоқи кишварҳои мушорикаткунанда дар гуфтугуҳо хоҳони ҷамъбандии сариътари музокирот ҳастанд, аммо дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар интизори тасмимоти сиёсии Амрико дар хусӯси чанд мавзӯи боқимондаи муҳим ва калидӣ аст .
Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид дорад, ки агар тарафи Амрико воқеъбинона амал кунад, имкони дастёбӣ ба тавофуқ дар Вена вуҷуд дорад . Тавофуқи мадди назари Эрон санаде аст, ки таҳримҳо ба сурати ҳаддиаксарӣ рафъ ва минтақа ҳам аз иҷрои он баҳраманд шавад .

 

Барчасп