Январ 26, 2023 18:56 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи сармои бесобиқа дар шарқи Осиё

Мавҷи сармои бесобиқаву шароити сахти зимистонӣ кишварҳои шарқи Осиёро дар бар гирифтааст .

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Франс 24, Шоу Лайлинг-мудири истгоҳи ҳавошиносии шаҳри Mоне воқеъ дар шимоли Чин имрӯз ( панҷшанбе ) эълом кард ҳавои манфии 53 дараҷа зарфи се рӯзи ахир сармои бесобиқаеро дар ин шаҳр таҷриба кардааст .
Бар асоси ин гузориш ҳамаи фаъолиятҳо дар ин шаҳр мутаваққиф шудааст ва мардуми маҳаллӣ барои боз кардани ях лӯлаҳо аз оби ҷӯш ё чароғи кафшергарӣ истифода мекунанд .
Мақомоти Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ ҳам дар бораи коҳиши ҳаво ва вазиши бодҳои шадид ҳушдор додаанд .
Мақомоти Ҷопон имрӯз панҷшанбе бо эъломи кушта шудани камаш се нафар бар асари бориши сангини барф дар ин кишвар ҳушдор доданд,ки мавҷи сармо дар ин кишвар идома хоҳад дошт .
Бориши сангини барф боиси таваққуфи ҳаракати бист хати роҳи оҳан дар Ҷопон шуда ва ширкатҳои ҳавопаймойӣ 300 парвозро лағв карданд .
Дар вилояти Ниготои Ҷопон тӯфони барф ва вазиши бодҳои саҳмгин харобиҳои зиёде ба бор овардаву шаҳрҳоро дар барф пӯшондааст . Мақомот ҳушдор додаанд дар чанд рӯзи оянда ҳудӯди 60 сантиметр дигар барф хоҳад борид. Ҷопон поинтарин сатҳи ҳавои як даҳаи ахирро таҷриба мекунад .
Мақомҳои мудирияти буҳрони Ҷопон пештар ҳам эълом карда буданд бо идомаи бориши барфи сангин ва буронҳои бесобиқа бавижа дар манотиқи шимолии ин кишвар камаш 17 нафар кушта ва беш аз 90 нафари дигар масдум шуданд .

 

Барчасп