Январ 28, 2023 11:13 Asia/Dushanbe
  • Ба рағми овозаҳо ; баргузории Евро 2028 бо 24 тим

Мусобиқоти Ҷоми миллатҳои Аврупо дар соли 2028 ба рағми овозаҳои бавуҷудомада бо ҳамон 24 тим ба анҷом мерасад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, таи моҳҳои ахир бархе аз расонаҳои аврупоӣ ва хосса англисӣ иддао карданд, ки Иттиҳодияи футболи Аврупо ( УЕФФА ) дар ҳоли баррасии эдеяи баргузории мусобиқоти Евро 2028 бо ҳузури 32 тим аст .
Ҳоло кумитаи иҷроии  УЕФФА дар охирин ҷаласаи худ ба таври расмӣ иҷроӣ шудани ин эдеяро рад ва таъкид кард Ҷоми миллатҳои футболи Аврупо 2028 бо ҳамон 24 тим баргузор хоҳад шуд .
Дар ҳоли ҳозир 55 кишвари аврупоӣ аз тариқи рақобатҳои интихобӣ талош мекунанд то яке аз 24 саҳмияи роҳёбӣ ба Евро 2024-ро касб кунанд; рақобатҳое ки Олмон мизбонаш хоҳад буд .
Бад-ин тартиб УЕФФА монанди ФИФА даст ба тағйири теъдоди тимҳо назад . Албатта ки онҳо дар соли 2016 ҳашт тим ба тимҳои Евро изофа карда буданд .
Гуфтанӣ аст тими миллии футболи Италия қаҳрамони Евро 2020 шуд . Мусобиқоте ки ба далели ҳамагирии корона дар соли 2021 ба анҷом расид.
 

 

Барчасп