Ҷопон рекорддори қурбониёни корона дар ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i97490
Ҷопон бо сабти 343 қурбонӣ дар садри ҷон бохтагони беморони коронае дар ҷаҳон қарор гирифт .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 28, 2023 16:36 Asia/Dushanbe
  • Ҷопон рекорддори қурбониёни корона дар ҷаҳон

Ҷопон бо сабти 343 қурбонӣ дар садри ҷон бохтагони беморони коронае дар ҷаҳон қарор гирифт .

Бар асоси тозатарин оморҳо теъдоди қурбониёни корона дар ҷаҳон ба беш аз 6 миллиону 756 ҳазор нафар расид ва ҳамчунон бештарин теъдоди қурбониёни рӯзона дар кишвари Ҷопон сабт шудааст .
Ба гузориши Садои Хуросон, то кунун 674 миллиону 537 ҳазору 373 нафар дар ҷаҳон ба корона мубтало шудаанд ва аз ин теъдод 6 миллиону 756 ҳазору 817 нафар ҷон бохтаанд .
Аз назари талафот шабонарӯзи гузашта ҳам Ҷопон бо 343 қурбонӣ ва Олмон бо 127 қурбонӣ дар ҷойгоҳи аввалу дувум қарор доранд .
Дар Ҷопон то кунун 32 миллиону 364 ҳазору 850 нафар ба корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 67 ҳазору 50 нафар ҷон бохтаанд .

Бештар бихонед :