Таҳлил: Бори дигар кашфи гӯрҳои ҷамъии ҷадид дар Канада
(last modified Sun, 29 Jan 2023 14:08:56 GMT )
Январ 29, 2023 19:08 Asia/Dushanbe
  • Кашфи гӯрҳои ҷамъӣ моҳҳост ба бӯҳрони ҷиддӣ барои Канада табдил шудааст
    Кашфи гӯрҳои ҷамъӣ моҳҳост ба бӯҳрони ҷиддӣ барои Канада табдил шудааст

Тайи моҳҳои гузашта кашфи гӯрҳои ҷамъӣ ва пайдо шудани аҷсоди садҳо кӯдак дар Канада. мавзӯъи кӯштори бумиён ва табъизи нажодиро дар Канада беш аз пеш ошкор кардааст. Ба таври , ки боиси шармсории бисёре аз фаъолони ҷомеъаи мадданӣ, мақомоти сиёсӣ ва намояндагони афкори умумии хориҷ аз Канада шудааст. Бо ин ҳол, ҳам чунон кашфи гӯрҳои ҷаддид идома дорад. Дар ин росто як қабилаи бумӣ бори дигар аз кашфи дасти кам 60 гӯри ҷамъии дигар дар ин кишвар хабар дод.

Қабилаи бумӣ (William Link) натоиҷи таҳқиқоти ҷаддидро аз мактаби шабона рӯзи   воқеъ дар ҳудуди 15 киламетрии минтақаи (William Link) дар устони Бритиш Колумбиё мунташир кардааст. Раиси ин қабила дар бораи кашфи ин гӯрҳои ҷаддид гуфт: Нороҳат кунандааст аммо мо дар айни ҳол машғули ёфтани ҳақиқат ва канори ҳам қарор додани таърих ва меъроси ин мактаб ва мизони садамоти ношӣ аз он ҳастем.

Кашфи гӯрҳои ҷамъӣ моҳҳост ба бӯҳрони ҷиддӣ барои Канада табдил шудааст. Кашфи ин гӯрҳо нишон медиҳад  Калисои Католикии Канада бо ҳимоят ва ҳамкории давлати ин кишвар, барои даҳҳаҳои тӯлонӣ, кӯдакони бумиро ба зӯр аз хонаводаҳояшон ҷудо карда ва ба баҳонаи омӯзиш, онҳоро ба мактаби шабона рӯзе, ки тавасути калисоҳо идора мешаванд мефиристоданд.

Аммо дар воқеъ ҳадаф аз ин кор, ҷудо кардани кӯдакони бумӣ аз хонаводаҳояшон ва ба мурур ҳал шудани онҳо дар ҷомеъаи сафед пӯсти Канада буд. Ин кӯдакон умдатан дар марказҳои шабона рӯзӣ дар маърази бадрфторӣ. таҷовуз ва  сӯи тағзия қарор мегирифтанд, ба тавре, ки бисёре аз онҳо шароити сахтро тоб намеоварданд ва ҷон месупурданд. Бисёре низ ба далоили мухталифе кӯшта мешуданд. Ин дар ҳоле буд, ки на давлат ва на мактабҳо, номи донишомӯзони фавт шударо сабт намекарданд ва хонаводаҳояшонро низ аз марги  фарзандон хабар намедоданд. Бисёре аз ин кӯдакони ҷон бохта шуда ё кӯшта шуда дар гӯрҳои  бе ному нишон дафн мешуданд, гурҳое, ки акнун пас аз даҳҳаҳо кашфи онон аз ин ҷиноят парда бардоштааст.

Шелдон Пойтрос масъули гурӯҳи ҷустуҷӯ мегӯяд: Рақами дақиқе барои гӯрҳое, ки то ба ҳол пайдо шудааст вуҷӯд надорад, чун ҳар минтақа лузуман дороӣ бақои инсонӣ нест. Ӯ ва тимаш ҳамчунин қитъае аз устухони факи як кӯдакро кашф кардаанд, ки марбут ба 125 соли пеш аст, ки собит мекунад як гӯри ҷамъии бидуни аломат дар минтақа вуҷӯд дорад.

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, беш аз 150 ҳазор кӯдак аз ҷавомеъи бумии Канада қурбонии ин ҷиноят шудаанд, ба тавре, ки ҳайати ҳақиқат ва ошти чанди пеш онро насл кӯшии  фарҳангӣ номида ва пас аз он низ мақомоти Канада бо изъон ба ин фаҷоеъ талош карданд то бо узрхоҳи, онро ба фаромӯши бисупоранд.

Ин шароит дар ҳоле аст, ки давлати Канада ба вижа тайи солҳои ахир талош кардааст бо ироаи тасвире аз инсон дӯстӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсонҳо, ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмиллалӣ тақвият кунад ва ҳатто дигар кишварҳоро ба далели адами риояти озодӣ ва ҳуқуқи башар мавриди таҳдид ва таҳрим қарор диҳад. Аммо воқеъияти таърихӣ ва ҷомонда нишон медиҳад, ки ин кишвар аз саддаҳои  пеш на танҳо ҳуқуқи инсонҳоро ба растимият нашинохта балки чунон ҷинояти башари муртакиб шудааст, ки раҳбари каталикҳои ҷаҳон онро насл кӯши хондааст.

Бештар бихонед: