Июн 27, 2021 11:00 Asia/Dushanbe
  • Марги ин теъдод аз кӯдакони бумӣ дар ҳеч кадом аз ҳуҷҷатҳои мактаб сабт нашудааст
    Марги ин теъдод аз кӯдакони бумӣ дар ҳеч кадом аз ҳуҷҷатҳои мактаб сабт нашудааст

Кашфи пайдарпайи қабрҳои дастаҷамъии кӯдакони бумии Канада, мавҷи хашм ва нафратро дар байни бисёре аз канадагиҳо, созмонҳои ҳуқуқи башар ва одамони зиёде дар саросари ҷаҳон ба вуҷуд овард. Кашфи ин қабрҳо, ки як санади табъизи нажодӣ дар ҷомеаи Ғарб, бавижа дар Канада ва Иёлоти Муттаҳида аст, боис шудааст, ки мардуми бумии Канада аз раисҷумҳури Амрико дархост кунанд, ки сарнавишти кӯдакони бумиро дар ин кишвар таҳқиқ кунад.

Кашфи пай дар пайи гӯрҳои ҷамъии мутаъаллиқ ба кӯдакони бумии Канада  мавҷе аз хашму нафратро дар миёни бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар, ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва бисёре аз мардуми дунё барангехтааст, кашфи ин қабрҳо, ки санади табъизи нажодӣ дар ҷомеъаи ғарб, бавижа  Канада ва Амрико маҳсуб мешавад сабаб шудааст, то бумёни Канада аз раисҷумҳури Амрико низ бихоҳанд, ки дар мавриди сарнавишти кӯдакони бумӣ дар ин кишвар таҳқиқ кунад.

Раиси Федератсияи миллатҳои бумӣ "Бобби Камерон, ба раиси ҷумҳурии Амрико хитоб кард :  Ҳукумати ин кишвар низ бояд дар бораи мадориси бумиён дар гузаштаи Амрико таҳқиқ кунад, чун дар кишвари шумо ҳам қабрҳои бенишони бисёр зиёде вуҷуд доранд.

Ҷустуҷӯ барои кашфи гӯрҳои дастаҷамъии мутаъаллиқ ба бумиёни Канада, авохири моҳи май пас аз кашфи бақоёи  215 донишомӯз аз як мадрасаи шабонарӯзии дигар ба исми Камлупс Kamloops оғоз шуд.

Акнун ковушҳо дар устони Саскачеван Saskatchewan, ки дар солҳои даври мактаби шабонарӯзӣ (мактаб-интернати)  буда ба кашфи 751 ҷасади анҷомидааст, ки ағлаби онҳо кӯдак ҳастанд ва дар як қабристон дар қабрҳое беному нишон дафн шудаанд. Пайдо шудани бақоёии аҷсоди ин донишомӯзон мавҷе аз шокро дар Канада ва ҷаҳон эҷод кардааст. Акнун ҷустуҷӯҳо барои кашфҳои бештар идома дорад.

Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо эълом дошт, ки ҳукумати Канада барои пурра рӯшан кардани ин "хатогиҳои даҳшатнок" маблағ ва захираҳои заруриро фароҳам меорад.

 

"Розанн Касимир" (Rosanne Casimir), сарвари як қабила дар Камелопс, Колумбияи Бритониё, пас аз кашф шудани қабрҳои дастаҷамъӣ гуфт: Марги ин теъдод аз кӯдакони бумӣ дар ҳеч кадом аз асноди мактаб сабт нашудааст, ки ба худии худ шоҳиде бар муқассир будани мақомоти мактаб дар марги ин кӯдакон аст.

Беш аз 150 ҳазор кӯдаки бумии Канада аз соли 1883 то соли 1996 маҷбур шуданд бо ҳузур дар мактабҳои хос, ки умдатан мубаллиғони динии католикӣ онҳоро идора мекарданд, дар ҷомеъаи Канада идғом мешаванд.

Ин кӯдакон бар асоси он чӣ «камиссияи ҳақиқату оштии Канада» соли 2015 «наслкушии фарҳангӣ» хонд, мавриди бетаваҷҷӯҳӣ ва озор қарор гирифтанд. Дар воқеъ донишомӯзон ба зӯр ба ин мактаб фиристода мешуданд то дар он ҷо  ҷазби фарҳанги ғолиби кишвар шаванд.

Бар асоси гузориши ин камиссия, бисёре аз ин донишомӯзон мавриди бадрафторӣ ё сӯиистифодаи ҷинсӣ қарор мегирифтанд ва беш аз чаҳор ҳазор нафар аз онон ҷони худро аз даст доданд.

Яке аз пешвоёни қабилаҳо бо ишора ба қабрҳои бесамари кашфшуда гуфт: "Кашфи ахир боис шуд, ки захмҳои қадимӣ дубора боз шаванд."

Мавзӯи табъизи нажодӣ дар ғарб, бавижа дар Канада ва Амрико  мавзӯи ҷадиде нест. Дарвоқеъ торихи ин кишварҳо бо мавзӯи табъизи нажодӣ ва озору азияти бумиён, рангинпӯстон,  бавижа сиёҳпӯстон ва ақаллиятҳои мухталиф аҷин шудааст. Ин кишварҳо ба рағми ин ки тайи солҳои ахир  иддаои  ҳимоят аз ҳуқуқи башар дошта ва бар ҳаққи дастрасӣ баробари инсонҳо ба имконот таъкид мекунанд, аммо дар амал на танҳо бо шаҳрвандони рангинпӯст, балки бо ақаллиятҳои қавмӣ ва нажодӣ ва муҳоҷирони худ низ рафтори яксоне надоранд.

Дар ҳоли ҳозири табъиз ва аъмоли фишор бар бумён ва рангинпӯстон ҳамчунон муъзале ҷиддӣ дар ҷомеъаи ғарб аст, ки бо ҳамагирии бемории Ковид - 19 ранги ҷиддитаре ба худ гирифта ва дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла  Амрико  комилан ошкор аст.

Чунон ки бисёре аз рангинпӯстон ва бумиён дар Амрико ва Канада на танҳо ба дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ва дармонӣ дастрасӣ надоранд, балки дар ваксинатсия низ дар авлавияти охир ҳастанд.

Дар Канада ҳатто дастрасии бумиён ба оби ошомиданӣ муъзале ҷиддист. Рӯзномаи Гордиян чанде пеш дар ин замина навишт: Раҳбарони ҷомеаҳои бумии Канада ба далели фиқдони дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар кишваре, ки яке аз ғанитарин манобеи обии ҷаҳонро дорост, аз давлати федерал шикоят ва тақозои ҷуброни хисорат кардаанд.

Акнун низ мавзӯи куштори кӯдакони бумии Канада на танҳо дар ин кишвар, балки дар Амрико  ҳам мавзӯи ҷиддӣ ва қобили тааммулест ба тавре, ки бар асоси пайгириҳои суратгирифтаи бахше аз кӯдакони бумии Канада мумкин аст ба Амрико мунтақил шуда бошанд; чунонкӣ акнун Раиси федератсияи милали мустақили бумии Канада бо ишора ба ин ки дар Амрико низ қубури бенишони бисёр  зиёде вуҷуд доранд , аз раисҷумҳури Амрико хостааст бо руасои ин милал ва бо бозмондагонашон ҳамкорӣ кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп