Феврал 17, 2024 19:04 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи корвони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз сӯи режими наслкуши Исроил

Режими саҳюнистӣ корвони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар шаҳри Хон Юнус, ҷануби Борикаи Ғаззаро тавқиф кард.

Режими наслкуши Исроил борҳо бемористонҳои Борикаи Ғаззаро ҳадаф қарор дода ва ҷомеаи байналмилал бо маҳкӯм кардани ин ҳамалот, онро нақзи қавонини байналмилалӣ унвон кардааст.

Бовуҷуди вахомати авзоъи инсонӣ дар Борикаи Ғазза, режими саҳюнистӣ аз вуруди лавозими пизишкӣ ва дору ба ин минтақаи муҳосира шуда, ҷилавгирӣ мекунад.

Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва симо, вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард: Низомиёни ишғолгари саҳюнистӣ як корвони кумакҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро дар 50 метрии бемористони Носир дар шаҳри Хон Юнус тавқиф карданд.

Бинобар эъломи вазорати беҳдошти Фаластин, корвони кумакҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт муташаккил аз ду мошини боркаш ба ҳамроҳи шахсиятҳои олирутбаи байналмилалӣ буд, ки ишғолгарони саҳюнист барои ҷилавгирӣ аз расидани кумакҳо ба бемористони Носир, корвони имдодиро тавқиф карданд.

Режими наслкуши Исроил 2 ҳафта аст, ки маркази дармонии Носирро муҳосира карда ва шароити сахте барои беморон, кадри пизишкӣ ва хонаводаҳои овораҳо эҷод кардааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин низ рӯзи ҷумъа эълом кард, низомиёни саҳюнист 20 нафар аз коркунони пизишкӣ, идорӣ ва ҳамчунин беморони бемористоне дар Хон Юнусро рабуданд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп