Феврал 14, 2023 16:14 Asia/Dushanbe
  • Ле монд : Иқтисоди Русия бархилофи пешбинии Ғарб дучори фурӯпошӣ нашуд

Рӯзномаи фаронсавӣ дар бора вазъияти иқтисоди Русия дар 12 моҳи гузашта эълом кард иқтисоди ин кишвар қавитар аз он чизе аст, ки Ғарб пешбинӣ мекард .

Аз замони оғози ҷанги Русияву Украина кишварҳои ғарбӣ чандин бор Русияро таҳрим кардаву дороиҳои ин кишварро банд кардаанд .
Таҳрими нафти Русия аз сӯи Аврупо ба як вуқуъи буҳрони бузурги сӯхт дар ин қора, афзоиши қимати энержӣ ва афзоиши таваррум мунҷар шудааст .
Рӯзномаи фаронсавӣ « Ле монд » имрӯз сешанбе навишт фақат як чиз мусаллам аст ; Русия « фурӯпошии » мавриди назари Ғарб ва хисороти вобаста аз таҳримҳоро, ки бо 9 мавҷи пайдарпай аз марти 2022 ташдид шуда дучор нашудааст .
Ба навиштаи ин рӯзномаи фаронсавӣ фаъолияти тиҷорӣ дар Русия имсол бояд 0.3 дарсад ва дар соли 2024 ба мизони 2 . 1 дарсад афзоиш ёбад, яъне беш аз 1 . 6 дарсади мавриди интизор дар минтақаи евра .
Пеш аз ин низ Сандӯқи байни алмилалии пул эълом кард иқтисоди Русия дар соли 2023 шоҳиди рушд хоҳад буд . Ин дар ҳоле аст ки раҳбарони ғарбӣ муддаӣ шудаанд таҳримҳо алайҳи Русия ин кишварро ба зону дар хоҳад оварад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп