Феврал 22, 2023 17:51 Asia/Dushanbe
  • неруҳои мусаллаҳ ва сагҳои маводёб дар ҳоли гаштзанӣ
    неруҳои мусаллаҳ ва сагҳои маводёб дар ҳоли гаштзанӣ

Манобеи хабарии Британия субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ аз тахлияи Сафорати Амрико дар Лондон дар пайи ҳодисаи амниятӣ хабар доданд.

Нашрияи "Дейли мейл", бо интишори ин хабар дар гузорише эълом кард, тараддуд ба дохил ва хуруҷ аз сохтмони сафорат манъ шудааст. 

Ба афроде ки дар дохил ҳастанд, гуфта шудааст, ки аз панҷараҳо дур шаванд. 

Тибқи ин гузориш, тасовире ки тавассути афроди дохили сохтмон ба иштирок гузошта шуда, нишон медиҳад, ки онҳо рӯйи замин хам шуда ва пушт ба деворҳо нишастаанд. 

Яке аз шоҳидони айнӣ, ки наздики сафорат зиндагӣ мекунад, ба "Дейли мейл" гуфт, ки неруҳои мусаллаҳ ва сагҳои маводёб дар ҳоли гаштзанӣ дар минтақа ҳастанд. 

Ҳанӯз омили ин ҳодисаи амниятӣ мушаххас нест.

Барчасп